Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

рӯманд, маҳобати азим дорад. Ва барои ин гуфтааст: «ал-Мулку явмаизини-л-ҳаққу ли-р-Раҳмони ва кона явман ала-л-кофирина асиран»1. Ва агар дар исми Раҳмон ишъори қаҳру маҳобат набуҳад, зикри ваъид дар ақиби он мулоим ва муносиб набувад. То ин ҷо сухани мутарҷим аст ва аз ин ҷо ба тартиби «Эҳё» руҷӯъ афтод.

Ва Ҳаққ таъоло гуфт: «Ва бадолаҳум мина-л-Лоҳи мо лам якуну яхтасибуна»2. Ай, корҳое карданд, ки онро ҳасанот пиндоштанд ва дар каффаи саййиот нишаст.

Ва Сариййи Сақатӣ — раҳимаҳуллоҳ — гуфт: [214] Агар марде дар бӯстоне равад, ки дар он ҳамаи аҷноси дарахтон бувад ва бар он дарахтон ҳамаи анвои мургон бошанд ва ҳар мурге ба луғати худ вайро гӯяд: «Ассалому алайка ё валия-л-Лоҳи», агар нафси вай бар он ором гирад, асири нафси худ бошад.

Ва аз ин ахбору осор рӯшан мешавад, ки хатари кор ба сабаби дақоиқи нифоқ ва ширки хафӣ азим аст ва аз он омин натавон буд, то ба ҳадде, ки Умар — разия-л-Лоҳу анҳу — Ҳузайфаро аз нафси худ бипурсид, ки дар мунофиқон мазкур ҳаст? Ва Бӯсулаймони Доронӣ гуфт, ки аз амире калимае шунидам, хостам, ки бар вай инкор кунам, аммо битарсидам, ки маро куштан фармояд. Ва тарс аз марг набуд, бал аз он буд, ки дар вақти муфорақати дунё барои халқ тазайюне ва тасаннӯъе дар дили ман ояд, бад-он сабаб аз он боз будам. Ва аз ин нифоқ аст. Ва нифоқ музодди ҳақиқату сидқу камол ва сафои имон аст, на музодди асли имон.

Ва нифоқ ду навъ аст: яке он ки аз дин берун орад ва ба кофирон лоҳиқ кунад ва дар оташ муҳаллад гардонад. Ва дигар он ки мӯҷиби азоб бошад муддате ё аз дараҷоти иллиййин кам кунад ва аз маротиби сиддиқон фурӯд орад.

1 Фурқон, 25:26.
2 Зумар, 39:47.

пешина
аз 567
навбатӣ