Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ки азизтар ва шарифтар, маслаки он саъбтар ва роҳи он дарозтар ва ақаботи¹ он бештар. Ва гумон мабар, ки ин комро ба таманно дартавон ёфт ва бо кохилӣ ва нотавонӣ бад-он тавон расид. Оре, ҳар кӣ басирати ӯ нобино бошад ва тафовути ин табақот дарнаёбад, ӯ аз маротиби таҳорат фаҳм накунад, магар дараҷаи вопасинро, [ки] ба изофати лубоби матлуб чун пӯст аст ва дар он ғулувв кунад ва муболағат намояд ва ҳамаи авқоти худ мустағриқ гардонад дар истинҷо ва шустани ҷомаҳо ва пок доштани зоҳир, ва бахусус, обҳои равони бисёр ҷустан ва ба ҳукми васваса ва нуқсони ақл пиндорад, ки таҳорати матлуб ва [шариф] ҳамин асту бас. Ва надонад, ки салаф кулли ҳиммат ва тамоми фикрати худро дар татҳири дилҳо масруф доштандӣ ва дар кори зоҳир мусоҳалат намудандӣ, то ба ҳадде, ки Умар — разия-л-Лоҳу анҳу — бо улувви мансаб ва рифъати дараҷаи худ ба обе, ки дар сабӯи зани тарсое буд, вузу сохт ва то ба ҳадде, ки аз чарбиҳо ва таомҳо даст нашустандӣ², бал дар кафи пой молидандӣ ва ушнонро³ аз бидъатҳо ва муҳдасот шумурдандӣ ва дар масоҷид бар замин намоз гузордандӣ ва дар роҳҳо пойӣ бараҳна рафтандӣ. Ва аз акобири эшон касе буд, ки дар ҳоли бозғалтидан [дар хобгоҳ] миёни ӯ ва хок ҳоиле набудӣ. Ва дар истинҷо бар кулӯх иқтисор намудандӣ.

Бӯҳурайра ва ғайри ӯ аз аҳли Суффָа гуфтанд, ки мо бирёне тановул кардеме ва чун вақти иқомати намоз будӣ, ангуштон дар сангреза ва хок молидеме ва такбир гуфтеме. Ва Умар — разия-л-Лоҳу анҳу — гуфт: «Мо дар аҳди Пайғомбар ушнонро нашинохтемӣ ва дасторҷаи мо кафи пойӣ мо буд. Чун чарбӣ тановул кардеме дар кафи пой молидемӣ».

1 Ақабот — (ҷамъи ақаба); ақаба, гардана, душворӣ ва сахтӣ.
2 Дасти олуда ба чарбиҳо ва таомҳоро намешустанд.
3 Ушнон — гиёҳе, ки бад-он рахту даст шӯянд, чӯбак.

пешина
аз 567
навбатӣ