Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ва гуфтаанд, ки аввал он чи аз бидъатҳо пас аз Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – зоҳир шуд, чаҳор чиз буд: тунукбез¹ ва хон ва ушнон ва серӣ. Ва ҳамаи инояти эшон дар покизагии ботин буд, то ба ҳадде, ки яке аз эшон гуфтааст, ки намоз бо наълайн фозилтар, чи Пайғомбар чун дар намоз наълайн берун кард ба сабаби он чи Ҷабраил ихбор фармуд, ки муталаттиҳ² аст ба наҷосат ва мардумон ҳам наълайн берун карданд, Пайғомбар эшонро гуфт: «Лима халаътум ниъолакум?»³. Ва Нахай гуфт дар ҳаққи касоне, ки наълайн барои намоз бурун мекарданд: «Хоҳӣ, ки мӯҳтоҷе биёяд ва наълайнатон бибарад!». Ва ин бар тариқи инкор гуфт. Пас, ҳамчунин буд мусоҳалати эшон дар ин корҳо, бал дар халоби⁴ шореъҳо⁵ пойӣ бараҳна рафтандӣ ва бар хок бинишастандӣ ва дар масҷидҳо бар замин намоз гузоридандӣ ва орди гандум ва ҷав бихӯрдандӣ - ва молидани⁶ он ба сутурон буд ва аз бавли эшон чора набусад – ва аз хавии⁷ асб ва уштур эҳтироз нанамудандӣ, бо он чи дар наҷосат [218] ғалтанд. Ва ҳаргиз аз касе аз эшон нақл нашуд, ки аз дақоиқи наҷосат суоле кард. Пас, тасоҳули эшон дар ин аббоб бар ин ҷумла буд.

Ва акнун навбат ба тоифае расидааст, ки раўнатро⁸ назофат ном ниҳодаанд ва мегӯянд, ки бинои дин бар он аст. Ва бештари авқоти эшон дар ороиши зоҳир аст – чунон ки машшота⁹ арӯсро орояд – ва ботин хароб ва ба ха-

¹ Тунукбез – гирбол.
² Муталаттиҳ – олуда.
³ Чаро кафшҳои худро берун оваред?
⁴ Халоб – гилу лой, ваҳл.
⁵ ШОРЕЪ – роҳ, кӯча, хиёбон.
⁶ Молидан – хирманкӯбӣ.
⁷ Хавӣ - арак.
⁸ Равнат - худорой.
⁹ Машшота – ороишгар.

пешина
аз 567
навбатӣ