Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

боиси кибр ва учубу ҷаҳл ва риёву нифоқ машҳун ва онро мустанкар1 намешумуранд ва аз он тааҷҷуб намекунанд. Ва агар касе дар истинҷо бар кулӯх иқтисор намояд, ё пойбараҳана равад, ё бар замини масҷид ва бӯрёи он бе саҷҷода намоз гузорад, ё бар фарш бе ғилофи қадам гом ниҳад, ё аз ованди золе ё марде ғайри мутақашшиф2 вузу созад, қиёмат қоим гардонанд ва дар инкор муболағат намоянд ва вайро қазар3 хонанд ва аз зумраи хеш берун кунанд ва аз мухолатат ва ҳамкосагии вай нанг доранд. Пас базозатро4, ки аз имон аст, қазарот5 ном кардаанд ва раўнатро назофат. Ва бубин, ки чӣ гуна мункар маъруф шудааст ва маъруф мункар! Ва чӣ гуна расми дин мундарис шудааст, чунон ки таҳқиқ ва илми он индирос пазируфта.

Суол: Дар ин одот, ки сӯфиён гирифтаанд аз ҳайату назофат, чӣ мегӯӣ? Аз маҳзурот ва мункарот аст?

Ҷавоб: Маозаллох, ки дар ин боб ҷавобе мутлақ гӯям бе тафсил, валекин мегӯям, ки такаллуф ва таназзуф ба сохта кардани овандҳо ва олотҳо ва ғилофи қадам ва ҷомае, ки барои дафъи ғубор бар сару китф андозанд ва ғайри он аз асбоб, агар дар муҷарради нафси он назар кунӣ, мубоҳ аст, валекин ҳолҳо ва ниятҳо бад-он пайвандад, ки ба сабаби ихтилофи он гоҳе аз маъруфот бошад ва гоҳе аз мункарот.

Ва аммо он ки дар нафси худ мубоҳ аст, пӯшида нест, чи соҳиби он дар тану мол ва ҷомаи худ тасарруф мекунад ва он тасарруф чун изоат ва исроф небошад, мубоҳ бувад.

Ва аммо он ки мункар шавад, ба ду сабаб тавонад буд: Яке он ки онро асли дин созад ва қавли Пайғомбарро

1 Мустанкар — зишту нописанд.
2 Такашпуф — ба кӯти андак ва ҷомаи дурушту чиркин зист кардан.
3 Қазар — (ба фатҳ ва каср ва замм ва сукуни «зол»), палид, касиф.
4 Базозат — бадҳолӣ, тавозӯъ дар либос пӯшидан.
5 Қазарот — палидӣ, касифӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ