Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
– алайҳи-с-салом — ки «Буния-д-дину ала-н-назофати» бад-он тафсир кунад ва бар касе, ки дар он мусоҳалат барзад, чунон ки салаф барзидандӣ, инкор намояд.
Дуввум он ки мақсуди ӯ оростани зоҳир бошад барои халқ ва мавоқеи назари эшонро хуб доштан, чи ин риёи [маҳзур] бошад. Пас, бад-ин ду эътибор мункар гардад.
Ва аммо он ки маъруф гардад, бад-он тавонад буд, ки мақсуди ӯ хайр бошад, на ороиш. Ва бар касе, ки онро бигузорад, инкор накунад ва ба сабаби он намозро аз аввали вақт ба охир наандозад ва ба машғулии он аз амале, ки фозилтар аз он бошад ва аз тартиби илм ё ғайри он боз намонад. Ва чун аз ин асбоб чизе бад-ӯ напайвандад, мубоҳе бошад, ки онро ба нияти қурбат тавон сохт. Валекин он муяссар нашавад магар баттолонро, ки агар авқоти худ дар он [219] масруф нагардонанд, иммо бихусбанд ва иммо ба ҳадиси лояъне машғул шаванд. Пас, шуғли эшон бад-он авло бувад, чи машғул шудан ба таҳорат зикри Худой – азза ва ҷалла – ва зикри ибодат тоза гардонад. Пас, дар он боке набусад, чун ба мункаре ва исрофе адо накунад.
Ва аммо аҳли илму амалро набояд, ки авқоти худро дар он бо зиёдат аз қадри ҳоҷат масруф кунанд. Ва зиёдат аз он дар ҳаққи эшон мункар бошад ва тазйии умр, ки нафистар ва азизтари ҷавоҳир аст дар ҳаққи касе, ки аз он манфаат тавонад гирифт. Ва аз ин тааҷҷуб набояд кард, ки ҳасаноти ابرor саййиоти муқаррабон аст. Ва баттолро набояд, ки назофат бигузорад ва бар мутасассифон инкор кунад ва гӯяд, ки ба саҳоба ташаббӯҳ менамоем, чи ташаббӯҳ бад-эшон он бошад, ки ба амале муҳимтар аз он машғул бошад ва бад-он нарасад. Чи Довуди Тойиро гуфтанд: «Чаро маҳосинро шона nakunī?». Гуфт: «Ман чунин фориғам, ки ба мисли ин корҳо пардозам?». Ва барои ин маъNӣ раво надорам он касро, ки ба илму амал машғул бошад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор