Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
рӯзгори худ дар шустани ҷома зоеъ кунад, то шустаи гозур набояд пӯшид ва дар хиёл орад, ки гозур дар шустан тақсир карда бошад, чи дар асри аввал дар пӯстинҳои пироста намоз кардандӣ. Ва миёни пӯстини пироста ва ҷомаи шуста дар таҳорат ва наҷосат фарқи азим аст. Бал аз наҷосат он вақт иҷтиноб намудандӣ, ки мушоҳада шудӣ.
Ва дар берун овардани эҳтимолҳои борик ғулувв накардандӣ. Бал тааммул ва назари эшон дар дақоиқи риё ва зулм будӣ, то ба ҳадде, ки Суфёни Саврӣ рафиқеро, ки дар мутобаати вай мерафт ва назари вай бар дари саройе рафеъмаъмур афтод ва дар он тааммул кард, гуфт: «Манигар, ки агар мардумон дар ин нанигаранд, соҳиби ӯ чандин исроф накунад». Пас, бинандагон муини ӯ бошанд дар [исроф]. Ва салаф маҷмӯи зеҳнро дар истинботи мисли ин дақиқаҳо сарф кардандӣ, на дар эҳтимоли наҷосатҳо. Ва агар олим оммие ёбад, ки аз рӯи табаррук ҷомаи вай ба эҳтиёт бишӯяд, ин фозилтар. Чи эҳтиёт ба изофати мусоҳалат беҳтар ва он оммиро низ бад-он манфаат. Чи нафси аммораро ба амале мубоҳ машғул кунад ва дар он ҳол аз маъсиятҳо мумтанеъ шавад. Ва нафс чун машғул карда наёяд, соҳиби худро машғул кунад. Ва чун қасди оммӣ бадон тақарруби олим бошад, вайро фозилтарин қурбате бувад. Чи вақти олим шарифтар аз он аст, ки дар мисли ин корҳо сарф шавад ва бад-ин сабаб вақти ӯ маҳфуз бимонад ва шарифтарин вақте оммиро он бувад, ки мисли ба он машғул шавад. Пас, аз ҳар ду ҷониб асбоби хайр мутаваффир гардад. Ва бад-ин мисол, амсоли ин корҳо [220] ва тартиби фазилатҳои он ва тақдими баъзе аз он бар баъзе битавон донист. Ва борикии ҳисоб дар нигоҳдошти лаҳазоти умр, бад-он чи вайро дар беҳтар коре сарф карда ша-
1 То – аз ин ҷиҳат, ки.
2 Пироста – даббоғӣ шуда.
3 Ба изофати – нисбат ба, дар муқоиса бо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор