Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

вад, муҳимтар аз борикии ҳисоб бошад дар нигоҳдошти кулли молҳои дунё.

Ва чун ин муқаддима бишнохтӣ ва туро рӯшан шуд, ки таҳоратро чаҳор мартаба аст, бидон, ки мо дар ин китоб ҷуз дар дараҷаи чаҳорум сухан нахоҳем гуфт ва он покии зоҳир аст, зеро ки қасди мо дар нимаи аввал аз ин китоб ҷуз ба зоҳир нест1.

Пас мегӯем, ки таҳорати зоҳир се қисм аст: таҳорати ҳадас ва таҳорати хабас, ва таҳорати фазалоти бадан, ки ба чидан ва сутурдан ва оҳак кор бастан ва хатна кардан ва ғайри он ҳосил ояд.

1 Дар Шарҳи Забидӣ: (Фаълам анно фи ҳоза-л-китоб), ай «Асрору-т-таҳорати» (ласно) ва фӣ нусхати ло (натакаллам илло фи-л-мартабати-р-робиъати) ва ҳия-л-авло би-н-нисбати ило сиёқати-л-аввал (ва ҳия назофату-з-зоҳир) ва нақоватуҳу ани-л-авсох ва-л-ахдос (ли анно фи-ш-шатри-л-аввал мина-л-китоби ло натаъарраз қасдан илло ли-з-зоҳир). Низ (чопи Бунёд, -с. 313).

пешина
аз 567
навбатӣ