Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҚИСМИ АВВАЛ

ДАР ТАҲОРАТИ ХАБАС

Ва назар дар ӯ ба се чиз мутааллиқ аст: он чӣ зоил карда шавад ва он чӣ бад-ӯ зоил кунанд ва изолат.

Тарфи аввал – дар он чӣ зоил карда шавад ва он палидиҳост. Ва аъён се аст: ҷамодот ва ҳайвонот ва аҷзои ҳайвонот.

Аммо ҷамодот ҳама пок аст, магар хамр ва ҳар набизе, ки мускир бошад.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – разия-л-Лоҳу анҳу – хамр палид аст, палиде ғализ. Ва дар сақар¹, ва нақии забиб² ва набити тамр ва фазиҳ³ ва бода ду ривоят аст. Дар як ривоят пок аст ва дар як ривоят наҷосати муғаллаза. Ва ба наздики Бӯюсуф муҳаффафа. Ва ашрибаи дигар пок аст.

Ва ҳайвонот ҳама пок аст, магар сагу хук ва он чӣ аз эшон мутаваллид шавад.

Мутарҷим мегӯяд: ва дар саг асҳоби Бӯҳанифа мухталифанд. Ва дурусттар он аст, ки наҷасу-л-айн нест.

Ва чун бимиранд ҳама наҷас шаванд, магар панҷ чиз: одамӣ ва моҳӣ ва малах ва кирми себ ва он чӣ аз истиҳолати таомҳо зояд ва ҳар чӣ хуни равон надорад, чун магас ва хабаздук⁴. Ва об ба вукӯи чизе аз ин панҷ дар ӯ палид нашавад.

Аммо аҷзои ҳайвонот ду қисм аст:
Яке он ки аз ӯ бурида шавад ва ҳукми ӯ ҳукми мурда

¹ Сақар – набити хурмо.
² Нақии забиб – шароби мавиз.
³ Фазиҳ – шаробе, ки аз асири ғӯраи хоми хурмо созанд.
⁴ Хабаздук – ҷуал, саргингардон.

пешина
аз 567
навбатӣ