Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

бошад. Ва мӯй ба буридан ва мурдан палид нашавад ва устухон палид шавад.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа ҳар ду палид нашавад.

Ва дуввум рутубатҳо, ки аз ботини ӯ берун ояд. Ва ҳар чӣ мустаҳил1 нест ва мақарре надорад, пок аст. Чун оби чашм ва ҳавӣ ва луоб2 ва мухот3. Ва он чи мақарре дорад ва мустаҳил аст, палид аст, магар чизе, ки моддати ҳайвоне бошад, чун манӣ ва байза.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – раҳима-ҳу-л-Лоҳ - манӣ палид аст ва тари онро шустан воҷиб, аммо хушкро молидан басанда аст аз рӯи истеҳсон4.

Аммо хун ва рим ва саргин ва бавли ҳамаи ҷонварон палид аст. Ва пиҳоли мурғон, ки аз ҳаво андозанд.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – раҳма-ту-л-Лоҳ алайҳ – пок аст. [221].

Ва Андаку бисёри ин палидиҳо маъфув нест, магар панҷ чиз:

Яке асари [ғоит], ки пас аз истинҷои кулӯҳ боқӣ монад, чун аз махраҷ нагузашта бошад.

Дуввум гили шореъҳо ва ғубори саргин дар роҳҳо бо он чи палидии он муҳаққақ аст, чун ин қадар бошад, ки эҳтироз аз ӯ мутааззир бувад ва ин он қадар бошад, ки олудаи онро ба тақсир ё дарафтодан5 нисбат натавон кард.

Севвум он чи дар фурӯди мӯза бошад аз палидӣ – ки роҳҳо аз он холӣ набувад – пас аз молидан.

Чаҳорум Андаку бисёр аз хуни кайк, магар он ки аз

1 Мустаҳил – истиҳола ёфта, тағйирёбанда.
2 Луоб – оби даҳан.
3 Мухот – оби бинӣ.
4 Истеҳсон – иборат аз тарк кардани қиёс ва ихтиёр кардани чизест, ки ахзи он барои мардум осон бошад. («Таърифот»-и Ҷурҷонӣ).
5 Дарафтодан – сакта, хато, лағзиш.

пешина
аз 567
навбатӣ