Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҳадди мӯътод бигузарад, хоҳ дар ҷомаи ту ва хоҳ дар ҷомаи дигаре, ки ту пӯшида бошӣ.

Панҷум хуни дамидагиҳо1 ва он чи аз ӯ ҷудо шавад аз риму зардоб. Ибни Умар2 – разия-л-Лоҳу анҳу – дамидагие, ки бар рӯи вай буд, бимолид ва хун берун омад ва онро нашуст ва намоз гузорд. Ва олудагиҳои думмал, ки пайваста бошад ва асари фасд3 ҳамин ҳукм дорад, магар он чи аз ҷароҳатҳои нодир афтад ва ғайри он ки4 ба хуни истиҳоза мулҳақ шавад ва дар маънии дамидагиҳо, ки одамӣ дар аҳволи худ аз он холӣ натавонад буд, набувад.

Ва мусомаҳати шаръ дар ин панҷ наҷосат далел аст бар он ки кори таҳорат бар тасоҳул аст. Ва бидъатҳо, ки дар он афзудаанд, васваса аст ва онро асле нест.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Абӯҳанифа – разиял-Лоҳу анҳу – наҷосатҳо ду гуна аст: муғаллаза ва муҳаффафа. Ва муғаллаза он аст, ки нассе ба наҷосати он ворид шавад ва онро муоризе набувад. Ва аз он чун беш аз дираме бошад, мутаҷаннис бувад. Ва эътибори дираме дар моеот ба масоҳат аст ва он миқдори кафи даст аст ва дар ҷомидот ба вазн ва он мисқоле бувад. Ва муҳаффафа он ки дар таҳорату наҷосати он ду насс мутаориз шавад. Ва аз он чун касири фоҳиш бошад мутаҷаннис бувад ва тақдири он рубъе аст аз узв ва аз тарафи ҷома.

Тарафи дуввум – дар он чи бад-ӯ зоил кунанд
Ва он ё ҷомид аст ё моеъ.

Ҷомид санги истинҷо аст ва ӯ поккунанда аст аз рӯи
тахфиф5 бад-он шарт, ки салб бошад ва пок, нашфкунанда

1 Дамидагӣ – чӯш.
2 Абдуллоҳ ибни Умар.
3 Фасд – хун гирифтан.
4 Ки – ки дар ин сурат.
5 Аз рӯи тахфиф – аз ин ҷиҳат, ки наҷосатро коҳиш медиҳад.

пешина
аз 567
навбатӣ