Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ва номӯҳтарам.
Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – разия-л-Лоҳу анҳу – он миқдор наҷосат бад-он чи беш аз дираме нест маъфув аст ва кор бастани санг воҷиб нест. Ва агар беш аз он бошад, истеъмоли об лозим бувад.
Ва аммо моеот ба ҳеҷ чизе аз он ҷуз об наҷосат зоил карда нашавад ва ба ҳар обе низ, бал обе пок, ки ба омехтани чизе, ки аз он мустағнӣ бувад, тағйири он мутафоҳиш2 нашуда бошад.
Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – разия-л-Лоҳу анҳу – ба обе, ки аз муҳолатати чизе пок мутағайир шуда бошад ва ба ҳар моеъе пок, ки музили айну асар бувад, раво бошад.
Ва об аз покӣ берун ояд бад-он чи аз мазаи ӯ, ё ранги ӯ, ё бӯи ӯ ба мулоқот наҷосат бигардад. Ва агар нагардад ва қариби дувисту панҷоҳ ман бошад, ки понсад ратли ироқӣ3 бувад, палид нашавад. Бад-он чи Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Изо балага-л-моу қуллатайни4 лам яхмил [222] хабасан». Ва агар кам аз ӯ бошад, наздики Шофеӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – палид шавад.
Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – разия-л-Лоҳу анҳу – ҳадди касрат он аст, ки ба ҷунбонидани як тараф тарафи дигар начунбад. Ва эътибори ҷунбонидан дар ривояти Бӯюсуф ба ғусл аст ва дар ривояти Муҳаммад ба обдаст.
Ин ҳукми оби истода аст.
Ва аммо оби равон чун ба наҷосат мутағаййир шавад.
1 Номӯҳтарам – муқобили мӯҳтарам (монандӣ нон ва мева ва ачҷори карима).
2 Мутафоҳиш – ошкоро, пайдо.
3 Ратли ироқӣ – вазне баробар бо 12 ўкия ё 90 мискол ва муодил бо ним ратли маккӣ.
4 Қулла – миқдори 300 соъ аз об; ду қулла, кур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор