Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

он миқдор, ки мутағаййир шуда бошад, палид бувад ва он чи боло ва фурӯди он бувад, пок бошад, чи рафтанҳои об мутафосил аст. Ва ҳамчунин наҷосати равон чун баробари об биравад, мавқеи ӯ аз оби палид бошад ва дасти рост ва дасти чапи ӯ чун кам аз ду қулла бувад. Ва агар рафтани об қавитар аз рафтани наҷосат бувад, он чи болои наҷосат бувад, пок бошад ва он чи фурӯди он бувад, палид — агарчи дур бошад ва бисёр — магар чун миқдори ду қулла дар ҳавзе фароҳам ояд.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа агар ҳама об бар ӯ равад, палид бошад. Ва агар андактаре аз об бар ӯ равад, пок бувад. Ва агар ба нисфе бар ӯ равад, обдаст кардан аз ӯ раво. Валекин ба эҳтиёт он наздиктар, ки накунад.

Ва чун ду қулла аз обе, ки ба сабаби қиллат ҳукми палидӣ бар вай афтода бошад, фароҳам ояд, ҳукми покӣ пазирад ва ба сабаби тафаррук боз палид нашавад.

Ин ҳама мазҳаби Шофеъӣ аст – разия-л-Лоҳу анҳу – ва ман хостаме, ки мазҳаби ӯ чун мазҳаби Молик будӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – дар он ки об агарчи андак бошад, палид нашавад магар ба тағйир, чи ҳоҷат бад-он масосат аст. Ва шарти қуллатайн сабаби ангехтани васвасаҳо мебошад ва барои он бар мардумон гарон меояд. Ва лаамрӣ, ки он сабаби машаққат аст ва ҳар кӣ онро биёзмояд ва дар он тааммул кунад, бишиносад.

Ва шакк нест дар он ки агар ин маъnӣ машрут будӣ, дар ҳеҷ мавзеъ таҳорат душвор набудӣ, ки дар Макка ва Мадина, чи обҳои равон ва обҳои истодаи бисёр дар он касрате надорад. Ва аз аввали асри Пайғамбар то охири асри саҳоба воқеае дар таҳорат ва суоле дар кайфияти ҳифзи об аз наҷосат нақл нашудааст. Ва овандҳои оби эшон дар дасти кӯдакон ва канизаконе будӣ, ки аз наҷосат эҳтироз накардандӣ. Ва Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – ба обе, ки дар сабӯи зане тарсо буд, обдаст кард. Ва ин масал сареҳ

пешина
аз 567
навбатӣ