Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
аст дар он ки ӯ эътимод накард, магар бар адами тағйири об ва илло ба занни қариб тавон донист, ки ғолиб он бошад, ки зани тарсо ва ованди ӯ палид бувад.
Пас душвории қиём намудан бад-ин мазҳаб ва адами суол дар он асрҳо далели аввал аст. Ва феъли Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – далели дуввум.
Ва далели севвум он ки Пайғамбар овандро пеши гурба доштӣ ва [аз] овандҳо гурбагон бинушидандӣ пас аз он чи мӯш хӯрдани гурбагон муоина шуда буд. Ва дар шаҳрҳои эшон ҳавзҳои об набуд, ки гурбагон дар он вулӯғ1 кунанд ва маълум аст, ки дар чоҳҳо фурӯд наёянд.
Ва чаҳорум он ки насси Шофеӣ аст – разия-л-Лоҳу анҳу – [223] ки ғусолаи2 наҷосат чун мутағайир нашавад, пок бошад ва чун мутағайир шавад – палид. Пас, чӣ фарқ аст миёни он ки об ба наҷосат расад ё наҷосат ба об? Ва ин чӣ гӯянд қуввати вуруди об наҷосатро дафъ кунад, чун монеи мухолатати наҷосат нест3, маънии он чӣ бошад? Ва агар гӯянд, ки ба сабаби ҳоҷат он қувват исбот карда мешавад, чӣ агар исбот накунем, изолати наҷосат мутааззир шавад, ҳоҷат ба расидани наҷосат ба об ҳам мутаҳаққиқ аст. Ва фарқе нест миёни он чи об дар тағоре резанд, ки дар он ҷомае наҷас буд ва ё ҷомае наҷас дар тағоре андозанд, ки дар он об бошад. Ва ҳар ду дар шустани ҷомаҳо ва овандҳо мӯътод4 ва мутадовил аст.
Панҷум он ки салаф бар атрофи обҳои равони андак
истинҷо кардандӣ. Ва дар мазҳаби Шофеӣ хилофе нест, ки
чун бавл дар оби равон афтад ва об мутағайир нашавад,
обдаст дар он раво бувад, агарчи андак бошад. Пас, дар ми-
1 Вулӯғ – об хӯрдани сагу гурба.
2 Ғусола – обе, ки аз шустани чизе барояд, оби чакида ва мустаъмал ба шустани чизе.
3 Чун қуввати вуруд монеи он нест, ки об бо наҷосат даромезад.
4 Мӯътод – маъмул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор