Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ёни оби равон ва истода чӣ фарқ бувад? Ва [кошки бидонистаме]: оё ҳаволаи покӣ бар адами тағайюр авло бошад ё бар қуввати об ба сабаби равонӣ? Ва низ баён бояд кард, ки ҳадди он қувват чӣ бошад? Ва обҳо, ки дар нойжаҳои гармоба меравад, ҳукми равонӣ дорад ё на? Агар надорад фарқ миёни он ва миёни ҷӯйҳои танғи андакоб чӣ бошад? Ва агар ҳукми равонӣ дорад, пас чӣ фарқ бошад миёни он чи дар нойжаи гармоба афтад ва миёни он ки дар маҷрои обе афтад, ки аз ованд ба андом мерасад ва он низ равон аст? Ва низ маълум аст, ки омезиши бавл ба об қавитар аз омезиши наҷосати ҷомидаи собита бувад, чи ҳукм карда аст, ки обе, ки бар наҷосати ҷомида гузарад, агарчи мутағайир нашавад, палид бошад то он гоҳ, ки дар ҳавзе ду қулла фароҳам ояд. Пас, миёни ҷомид ва моез чӣ фарқ тавонад буд? Ва об якест ва ихтилот қавитар аз муҷоварат бошад.
Шашум он ки чун як ратл бавл дар ду қулла об афтад, пас1 он ҳар ду қулларо тафриқа кунанд, ҳар кӯзае, ки аз он бардоранд, пок бошад. Ва интишори бавл дар он маълум аст ва об андак шудааст. Пас, [кошкӣ бидонистаме, ки] таълили покии ӯ ба адами тағайюр авло бошад ё он ки ба қуввати бисёрӣ? Чи бисёрӣ зоил шудааст ва бақои ҷузвҳои наҷосат дар он муҳаққақ аст.
Ҳафтум он ки дар асрҳои мутақаддим ҳамеша дар гармобаҳо мутақашшифон вузу сохтандӣ ва дастҳо ва овандҳо дар ҳавзҳо задандӣ бо андакии об ва хусуули илм бад-он ки дастҳои поку палид дар он ворид мешавад. Пас ин корҳо, ки тақрир афтод бо масиси ҳочат2, ғалабаи занн меорад, ки салаф дар адами тағайюр нигаристандӣ ва эътимод бар қавли Пайғомбар — алайҳи-с-салом — ки «Хули-қа-л-моу таҳуран, ло юнаҷҷисуҳу шайун илло мо ғайяра
1 Пас — сипас.
2 Масиси ҳоҷат — сахтии ҳоҷат, мосса будани ҳоҷат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор