Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

таъмаҳу ав риҳаҳу»¹ кардандӣ. Ва дар зимни ин сухан таҳқиқе аст ва он таҳқиқ он аст, ки табъи моеот он бошад, ки бар ҳар чӣ ғолиб шавад, вайро ҳамчун худ гардонад. Чунон ки агар саге, масалан, дар намакзор афтад, намак шавад [224] ва ҳукми вай покӣ бувад, чи намак шудааст ва сифати калбият аз вай зоил гашта. Ва ҳамчунин чун сиркаи андак ё шири андак дар оби бисёр афтад сифати вай зоил гардад ва сурати обӣ пазирад ва бар табъи вай шавад магар он ки бисёр ва ғолиб бошад. Ва ғалабаи ӯ ба маза ё рангу бӯй тавон донист. Ва ин меъёр чун шаръ бад-ӯ ишорат фармудааст дар обе, ки бар изолати наҷосат қувват дорад, сазовор аст бад-он ки эътимод бар вай карда ояд ва ҳараҷ бад-он мундафеъ шавад ва маънии туҳурият бад-он рӯшан гардад, чи бар ғайр ғолиб шавад ва онро пок гардонад. Чунон ки дар варои қуллатайн чунин аст ва дар ғусолаи наҷосат ва дар вулӯғи гурба дар оби андак. Ва мапиндор, ки он бо субути наҷосат ба ҷиҳати ҳоҷат маъфув аст, чи агар чунон бошад, ҳамчу оби истинҷо ва хуни кайк бувад², ки обро ба мулоқот палид гардонад, ва оби андак ба ғусола ва вулӯғи синнур³ палид нашавад.

Ва аммо қавли Пайғомбар – алайҳи-с-салом – ки «ло яҳмилу хабасан» мубҳам аст. Чи дар ҳоли тағайюр ҳомили хабас мешавад. Ва агар ту гӯйӣ, ки мурод он аст, ки дар ҳоли адами тағайюр палид нашавад, раво ки хасм гӯяд, ки мурод он аст, ки дар ағлаб ба наҷосоти мӯътод мутағайир нашавад. Ва низ ин сухан дар наҷосати обе, ки кам аз ду қулла бошад, тамассуке аст ба мафҳум⁴ ва ба кам аз ин

1 Об пок офарида шуда, чизе онро палид намекунад, магар он чи маза ва бӯй онро дигаргун кунад.
2 Дар арабӣ: ла кона каасари-л-истинҷо ва ...
3 Синнур – гурба.
4 Мафҳум – (муқобили мантук).

пешина
аз 567
навбатӣ