Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
далелҳо, ки ёд кардем, мафҳумро битавон гузошт1. Ва зоҳири қавли Пайғамбар, ки «ло яҳмилу ҳабасан» нафийи ҳамл аст, ай, наҷосатро ғалаба кунад ва ҳамчун худ гардонад. Чунон ки гӯянд: «ал-Мамлаҳату ло таҳмилу калбан ва ло ғайраху». Ай, намакзор саг ва ғайри онро ғалаба кунад ва намак гардонад. Зеро, ки мардумон дар обҳои андак истинҷо мекарданд ва овандҳои палид дар он мезаданд ва он мӯҷиби тараддуд мешуд, ки он мутағайир шуда бошад ё на. Пайғамбар – алайҳи-с-салом – фармуд, ки чун ду қулла бошад, бад-ин наҷосат мутағайир нашавад.
Суол: Ва агар гӯйӣ, ки «ло яҳмилу ҳабасан» гуфтааст ва ҳар гоҳ, ки наҷосат бисёр бошад, мутағайир шавад.
Ҷавоб: Гӯем: ин сухан бар ту мунқалиб аст. Чӣ ҳар гоҳ, ки наҷосат бисёр шавад, чунон ки дар ҳис ҳомили наҷосат гардад, дар ҳукм низ ҳомили наҷосат бувад. Пас, дар ҳар ду мазҳаб чора нест аз тахсис ба наҷосатҳои мӯътод.
Ва дар ҷумла, майли ман дар кори наҷосат ба мусоҳалат аст, чӣ аз сирати салаф он мафҳум мешавад ва моддаи васвасаро он мунқатеъ мегардонад. Ва бад-ин сабаб дар масоили таҳорат ҳар чӣ мухталифун фиҳӣ аст, ба покии он фатво диҳам.
Тарафи севвум – дар кайфияти изолати наҷосат
Агар [наҷосат] ҳукмӣ бошад – ай, ҷирме махсус надорад – рондани об бар ҳама маврид [225] басанда бувад.
Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа чун [наҷосат] марйӣ набошад бар ҳама бозшустан лозим бувад.
Ва агар айнӣ бошад, чора набвад аз изолати айни он. Ва бақои маза далели бақои айн аст ва ҳамчунин бақои ранг, магар дар чизе, ки лазиҷ2 бошад ва нек мултасиқ1 шавад.
1 Гузоштан – тарк кардан.
2 Лазиҷ – лағзанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор