Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
вад. Чӣ агар ранги вай пас аз муболағаи сошидан ба даст ва сари ангуштон боқӣ монд, маъфув бошад. Ва бақои бӯй ҳам далели бақои айн аст ва маъфув бошад магар дар чизе, ки бӯи тез дорад ва изолати он асир2 бошад. Пас сошидан ва шапилидани3 бисёр дар вай қоиммақоми сошидан ба сари ангуштон бувад дар ранг. Ва музили васваса он аст, ки бидонӣ, ки чизҳо дар асли хилқат пок аст ба яқин. Ва то наҷосате мушоҳада накунӣ ва ба яқин надонӣ, намоз гузоридан бо он раво бувад. Ва набояд, ки ба тариқе истимботи наҷосатҳо тақдир кунӣ4.
1 Мултасик — ба ҳам часпида, чизе, ки ба чизи дигар бичаспад.
2 Асир — душвор.
3 Шапилидан — фишурдан.
4 Тақдир кардан — фарз кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор