Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҚИСМИ ДУВВУМ

ДАР ТАҲОРАТИ ҲАДАС

Ва дар вузу ва ғуслу таяммум аст ва муқаддимаи он истинҷо. Пас, кайфияти он ба тартиб бо одоб ва сунани он биёрем ва ибтидо ба мӯҷиби вузу кунем1 ва он қазои ҳоҷат аст.

ОДОБИ ҚАЗОИ ҲОҶАТ

Бояд, ки дар саҳро аз чашми бинандагон дур шавад ва чизеро, ки ёбад, сатри худ созад. Ва пеш аз он ки ба мавзеи нишастан расад, кашфи аврат [накунад]. Ва рӯй ба хуршед ва моҳ надорад. Ва аз истиқбол ва истидбори қибла эҳтироз намояд2, магар он ки дар хона3 бошад. Ва дар хона низ эҳтироз аз он беҳтар бувад.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа – раҳима-ҳу-л-Лоҳ – дар ҳар ду мавзеъ эҳтироз лозим аст.

Ва агар дар саҳро роҳиларо4 ситри5 худ созад раво бувад ва ҳамчунин домани худро низ. Ва дар ҳадисҷои6 мардумон нанишинад. Ва дар оби истода ва зери дарахти мевадор ва дар сӯрохҳо бавл накунад. Ва аз мавзеи сахт ва муқобили бодҳо бипарҳезad, то сиришки7 бавл ба вай нарасад. Ва дар нишастан такя [113] бар пойи чап кунад. Ва агар дар хона8 бошад, ба вақти дарун рафтан пойи чапро тақдим кунад9 ва ба вақти берун омадан пойи ростро. Ва

________________________ 1 Аз он чи эҷобкунандаи вузу аст оғоз кунем.
2 Рӯй ё пушт ба қибла накунад.
3 Дар Шарҳи Зубайди: (Биноан), айю-л-манозилу-л-мабнияти.
4 Роҳила – сутури саворӣ ва боркаш.
5 Ситр – пӯшиш.
6 Ҳадисҷой – ҷое, ки мардумон ба ҳадис нишинанд.
7 Сиришк – қатра.
8 Дар хона – обхона, мустароҳ; дар Шарҳи Забидӣ: (ан қона фи бу-нён).
9 Тақдим кардан – пеш ниҳодан.

пешина
аз 567
навбатӣ