Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

ғалаба бар душманони худ ба чизи дигаре арҷгузорӣ намекунанд. Ба андешаи мутафаккир онҳо танҳо дар ҷустуҷӯи зиддиятҳои фиқҳӣ миёни мазҳабҳои мухталиф қарор дошта, ҳар кадоми онҳо дигаронашонро ба харобкории якдигар даъват месозанд ва зишткориҳову костагиҳоро дар фаъолияти худ нодида мегиранд. Ин тоифаро Ғаззолӣ «сибоъу-л-унс», яъне «дӯстони даррандаҳо» ва ё «хӯ гирифтагони даррандаҳо» ном мебарад, зеро ба қавли мутафаккир ҳамаи онҳо масруфи низоъ андохтан ва суботи ҷомеаи исломиро таҳти хатар гу- зоштан ҳастанд.

Ба қавли мутафаккир ин тоифа уламо, мутаассифона, илмҳоеро аз қабили сулук, тасаввуф, ахлоқ барои рафъи разилатҳо, касбу аз худ кардани фазилатҳо ва ғайраҳоро ба зумраи масъалаҳои завқиёт ва хитобаҳои воизона дохил намуда, дар атрофи ин гуна масъалаҳо на танҳо таҳқиқот намегузаронанд, балки роҷеъ ба онҳо фикр карданро низ зарур намешуморанд. Онҳо кашфу таҳқиқи батафсили масъалаҳои ситезаандоз, ҳангома- ҷӯй, муборизаталаб ва хасмҷӯйро ҳамчун манбаи омӯ- зиши хеш қарор додаанд. Ба андешаи Ғаззолӣ ин қабил фақеҳон «ба воҷиби кифой» (қонуну қоидаҳои шариат, ки иҷрояшон ҳатмӣ аст) машғул шуда, аз «воҷиби ай- нӣ», ки ба ислоҳи худи онҳо равона шудааст ғофилу оҷиз мондаанд. Яъне онҳо ба мисли марде ҳастанд, ки ба касалии бавосир (геморрой) ва ё варами шуш мубта- ло шуда, лекин ба ҷустуҷӯи он ки доруи дарди ҳайз (хунравии зан - менструация) меравад, то ин ки шояд рӯзе зане аз вай чунин доруеро дархост намояд.

Дигар гурӯҳ аз фақеҳонро, ки дар китоби «Замму- л-ғурур»-и «Эҳёу улуми-д-дин» Ғаззолӣ зери тозиёнаи танқид ва мазаммати шадиди худ қарор додааст, фақе- ҳони дасисабоз, ҳиллагар ва маккору фиребгар мебошанд.

пешина
аз 567
навбатӣ