Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ин хел тоифа фақеҳон аз суханҳо ва мафҳумҳои нофаҳмову норавшан ва сарбаставу шубҳаовар, инчунин усулҳои маккорона ва ҳилаҳои ҳуқуқӣ истифода карда, кӯшиш мекунанд то касеро дар раванди қазоӣ (суд) мутаҳам карда, худро доно ва тавоно ҳис кунанд. Ин гуна фақеҳон, ба қавли Ғаззолӣ, барои мисол чунин меомӯзонанд, ки агар зане маҳрияи (мувофиқи қонуни шариати ислом пули нақд ва молу матоъ, ки дар вақти никоҳ барои арӯс ба зиммаи домод муқаррар карда мешавад) худро ба шавҳараш бахшад ва шавҳараш аз вай ҳеҷ гуна қарздоре набуда ва Худо ӯро ҷазое нахоҳад дод ва ин мард ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд. Ғаззолӣ ба ғазаб меояд, ки оё ҳукми банда аз Худо тобеи ҳукмҳои маҳкама (суд) шуда метавонад? Гоҳе мешавад, ки шавҳар ба зани худ бадрафтории зиёд намояд ва зан маҷбуран ба мақсади аз вай раҳо ёфтан ва талоқ гирифтан маҳрияи худро ба вай бахшад. Оё ин суханҳои Худованд нест, ки дар ояи 4 сураи «Нисо» меорад: «Маҳри занонро ба тиби (майли) хотир ба онҳо бидиҳед».
Дар мисоли дигаре Ғаззолӣ меорад, ки фақеҳе барои он ки аз додани закот гурезад, дар охири сол тамоми молҳои худро ба ҳамсараш мебахшад ва аз вай хоҳиш мекунад, ки тамоми молу мулкро баъдтар ба ӯ боз бахшад. Ба гуфтаи Ғаззолӣ вай ин корро ба хотири он мекунад, ки аз молу мулкаш закот наситонанд ва бо ин роҳ сохторҳои давлатиро фиреб диҳад. Лекин оё ин шахс дар қиёмат метавонад даъво намояд, ки дар воқеъ вай соҳиби молу мулк нест?
Ғаззолӣ аз муносибатҳои фақеҳону қозиён натиҷагирӣ намуда, ба хулосае меояд, ки ҷаҳл ва носипосӣ ба дин аз ин бештар нахоҳад буд. Ӯ шарҳ медиҳад, ки закот додан барои он аст, ки дилро аз разилати бахилӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё