Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ғаззолӣ на танҳо дардҳоро пайдарҳам меоварад, балки барои раҳоии аз онҳо ва илоҷи шифо ёфтанро дар чаҳорчӯбаи қоидаҳои илми ахлоқ баён месохт. Вай дар «Китоби замму-л-кибр ва-л-уҷб», ки китоби нӯҳуми «Рубъи муҳликот»-и «Эҳёу улуми-д-дин» маҳсуб мегар-дад, барои дармони мухтасари худписандӣ, ҳавобалан-дӣ ва ғурур зикр месозад, ки худбинӣ, худхоҳӣ ва хуш-ҳолӣ ба парҳезгорӣ, ибодат, зебоии ботин, нерӯмандии инсон вақте раво хоҳад буд, ки вуҷуди одамӣ ва амал-ҳову корҳояш аз они худи ӯ бошанд.
Лекин он шахсе, ки саропо молики амалҳои дига-рон буда, зери таъсирашон қарор дорад ва кӯр-кӯрона тақлид мекунад, чи зарур аст, ки аз некиву кароматҳои худ лоф зада, нозу фахр карда, сарро аз по фарқ намегу-зорад. Воқеият ин аст, ки «ту ва қадру иродаву ҳара-катат ҳама махлуқу мухтароҳи Худованд аст ва амале намекунӣ ва намозе намехонӣ ва тире намеафканӣ ма-гар ин ки Худованд меафканад. Ин ҳаққи сареҳе аст, ки арбоби қулуб, ошкортар аз машҳудоти ҳисӣ, макшуф афтода аст...»¹.
Ба қавли Ғаззолӣ донистани чунин ҳақиқате, ба ивази «худписандӣ» дар дили инсон сипос, тарс аз за-воли неъматро менишонад. Худованде, ки бе лаёқату шоистагӣ ва қобилият, инчунин бидуни кадом як сабаб ба инсон неъмате медиҳад чӣ амону замоне ҳаст, ки бе сабаб онро наситонад? Агар «доди Ҳақро қобилият шарт нест» ҷудо кардани чизе аз чизе тавассути Ҳақ ҳам бе чуну бе шарт аст: «Одамӣ агар ба кофирон ва фо-сиқон бингарад, ки бе ҳеҷ гуноҳе аз неъмати имон маҳ-рум мондаанд, бар худ меларзад ва бо худ мегӯяд он ки бе ҷиноят маҳрум мекунад ва бе васила мебахшад, чи
Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Ҷ. 3. Китоби заму-л-кибр ва-л-уҷб. - С. 372.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё