Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

парвое дорад, ки он чиро бахшида боз пас гирад? Басо мӯъминон, ки ба иртидод (ренегатство) афтодаанд ва басо мутейён, ки гирифтори фиск омадаанд ва ба сӯи хотимат мубтало шудаанд. Чунин одаме мумкин нест, дигар асири учб гардад»1.

Ин иқтибоси овардашуда ошкоро дар хусуси ҷафои маъшуқу маъбуд сухан мегӯяд ва ошиқонро ба вафо даъват мекунад, зеро «бар шоҳи хубрӯён воҷиб вафо набошад» ва бар кунгураи (дандонаи болои девор) арши вай «сарҳои буридаи бисёр бе ҷурму ҷиноят» нишон медиҳад, бӯи шадиди ашъарият ва беэътиноӣ ба зебоиву қабеҳии ақлӣ ва болотар аз ҳама худраъйии мутлақ ва худкома будани Худо дарак медиҳад.

Дар масъалаи «дилозорӣ» низ Ғаззолӣ фикрҳои тааҷҷубовареро дар «Китоби ал-Хавф ва-р-раҷо» дар боби хавф аз Худованд меорад. Дар ин бахш Ғаззолӣ аз раванди нузули ваҳй ба Довуд (а) мисоле меорад, ки мутобиқи он Худо ба Довуд мегӯяд: «Чуноне аз ман битарс, ки аз дарандаи ҳор (девона – А.Ш.) метарсӣ».

Ин мисол маънои махуф будани Худовандро ба ту мефаҳмонад ... ва ҳосили он ин аст, ки агар ту аз дарандае метарсӣ на барои он аст, ки бештар гуноҳе ва ҷинояте кардай, балки ба сабаби ҳайбат ва хушунат ва сатват (шукӯҳ, қувват, қаҳр – А.Ш.) ва кибри ӯ аст. Балки барои он аст, ки вай бепарво ҳар чӣ мехоҳад мекунад. Агар туро раҳо кунад на аз он рӯ аст, ки бақои туро мехоҳад ва бар ту шафқат мекунад, балки барои он аст, ки зинда ва мурдаи ту назди ӯ пасттар аз он аст, ки бад-он эътино ва илтифот кунад. Балки куштани ҳазор кас мисли ту бо куштани як мӯрча назди ӯ баро-

1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷ. 3. Китоби замму-л-кибр ва-л-учб. – С. 374

пешина
аз 567
навбатӣ