Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

романси хоксорона, як хел муносибат мекард: «ҳаққонӣ, аз таҳти дил ва одӣ». Чайковский ҳамаи эҳсосоти қалби одамӣ – ғаму андӯҳ ва нишотро дар оҳангҳои худ акс намудааст.

«Ман аз таҳти дил мехоҳам, ки оҳангҳоям болу пар бароварда, дар ақсои олам паҳн шаванд, одамони бешумор онҳоро дӯст доранд, ба худ ғамгусор ва такягоҳ ёбанд», мегуфт ӯ.

Пётр Чайковский 25 апрели соли 1840 дар шаҳрчаи Воткински Удмуртия, дар оилаи муҳандиси кӯҳ, директори заводи Камск-Воткинск Иля Петрович Чайковский ба дунё омадааст. «Аз чорсолагӣ шавқи ман ба мусиқӣ ҳувайдо гашт. Завқи маро ба шунидани оҳангҳо пай бурда модарам муаллимаи мусиқӣ Мария Марковнаро ба хона даъват намуд ва ӯ ба ман асосҳои мусиқиро омӯзонд», - ба хотир меовард бастакор.

Дар ҳамин солҳо Чайковский бо баъзе оҳангҳои бастакорони итолиёвию олмонӣ тавассути оркестрина – арғунуни механикӣ, ки падараш харида ба Воткинск оварда буд, шинос мешавад. Аз хурдӣ навохтани фортепианоро омӯхт ва дар панҷсолагӣ аллакай фантазия – асари мусиқии услубаш махлутро иҷро мекард.

Соли 1849 Иля Петрович ба истеъфо баромад ва оилаашро ба Петербург кӯчонд. Дар пойтахт Петя ва бародари бузургаш Коляро ба пансионати Шмеллинг ба хондан супурданд.
Дар ин ҷо Петя аз Филиппов нозукиҳои пианиноро омӯхт. Вай пайваста ва ҷиддӣ назокатҳои мусиқиро аз бар мекард ва мунтазам ба театр мерафт. Дар даҳсолагӣ ба Омӯзишгоҳи ҳуқуқшиносии Петербург дохил шуд, ки барои раёсати адлия мутахассис омода менамуд. Ин солҳоро Пётр Илич чунин ба хотир меорад: «Ман 9 сол сабақи ҳуқуқшиносӣ гирифтам, бо мусиқӣ ҷиддӣ машғул нашудам. Ва дар охир падарам пианинонавози моҳир, ҷаноби Рудолф Кюндиргерро ба хона даъват намуд. Ман аз ин ҳунарвари мумтоз хеле миннатпазирам, зеро ҳангоми машқ бо ӯ фаҳмидам, ки ҳаёти минбаъдаам бе мусиқӣ маънӣ надорад, вай маро бо оҳангҳои классикӣ ошно сохт ва ба рӯям дарвозаи шоҳроҳи ояндаи мусиқиро боз намуд.

пешина
аз 424
навбатӣ