100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Дар даҳсолаи аввал Театри бадей ба шарофати заҳма-тҳои кашидаи Станиславский ва Немирович – Данченко бисёр намоишномаҳоро ба саҳна гузошт. Асарҳои Чехов ва Горкий, ки ҳаётӣ буданд, мухлисони бешумор доштанд. Дар пеши на-зари тамошобин он зиндагии воқей бо ҳама тазодҳояш, талхию шириниюяш, гармию сардиҳояш тасвир мегашт.
Пас аз сипарӣ гаштани солҳо Станиславский барномаи Театри бадеиро ба ёд оварда, ин тавр нигоштааст: «Мо ба тар-зи бозӣ ва зоҳирпарастии театри анъанавӣ зид баромадем, чаҳорчӯбаи мағорбастаи сабку усулҳоро шикаста, навҷӯиҳо мекардем».
Соли 1910 беморӣ робиtai ӯро бо театр меканад. Станис-лавский дар ҷойғаҳи маризӣ ба омӯзиши «ҳаёти рӯҳи одами-зод», ҳолати ботинии актёри рӯи саҳна мепардозад. Баъзе ан-дешаҳояшро ба дӯсташ Максим Горкий иброз медорад ва аз нависанда ҷонибдорӣ мебинад. Дар хусуси системаи нав Кон-стантин Сергеевич дар китобаш «Ҳаёти ман дар санъат» чунин менигорад: «...Натиҷаи ҷустуҷӯи тамоми умрам, чи тавре ки мегӯянд, «система»-и ман аст, методи фаъолияти актёрие, ки ман муқаррар кардаам, ба ҳунарпеша имконият фароҳам мео-рад, ки образ офарад, дар нақш ҳаёти рӯҳии инсонро кушода тавонад ва дар саҳна дар шакли зебои бадей пешкаши тамо-шобин гардонад.
Ман табиати зиндаи ҳунармандОнро дар саҳна хуб омӯх-там ва таҷрибаам таҳкурсии методи кашфнамудаам гардид. Аз ҳама шоистааш он аст, ки ман ба он аз хеш чизе илова накар-даам, ҳамаи гуфтаҳоям дар амал, дар ҳаёти саҳнавии худ ва шогирдонам санҷида шудаанд. Вай худ ба худ, табий аз таҷри-баи бисёрсолаам таровида баромад. «Система»-и ман ба ду қисми асосӣ тақсим мешавад:
-
Кори ботинӣ ва зоҳирии актёр дар рафти сайқал бахши-дани маҳораташ.
-
Кори ботинӣ ва зоҳирии актёр ҳангоми иҷрои нақш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё