Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Актёр бояд ботинан ба иҷрои нақш омода гардад, ба эҷодгариаш боварӣ ҳосил намояд, ба илҳом ояд. Нақшро бо тамоми назокатҳояш омӯзад, ба маънои ҳар як сухан, ҳар як ҳаракати ҷузъӣ сарфаҳм равад».

Станиславский меҳисобид, ки актёр бояд «ҳиссиёт, андешаҳои қаҳрамонро ба ҳиссиёт ва андешаҳои худ табдил диҳад, ба зиндагии вай пурра ворид шавад». Ҳангоми офаридани нақш дар спектакл актёр бояд дар ҳузури тамошобинон раванди таваллуди образро таҷассум созад.

Чунин методика ба Станиславский шароит фароҳам овард, ки ба намоишномаҳои пешина, образҳои анъанавӣ ба тарзи нав назар афканад. Масалан, мазҳакаи Бомаршел «Рӯзи бӯқаламун ё зангирии Фигаро», ки ӯ ба саҳна гузошт, аз пӯесаи шавқангез ба фоҷиаи инсоне, ки рафтораш барои атрофиён фаҳмо нест, табдил меёбад.

Соли 1912 Станиславский Студияи якумро созмон дода, идеяҳояшро тавассути он ҷомаи амал мепӯшонад. Соли 1918 Студияи операвиро дар назди Театри калон ташкил медиҳад, ки баъдтар он ба Театри мусиқии ба номи Станиславский мубаддал мегардад.

Соли 1922 Театри бадеӣ ба сафари дусолаи хориҷа мебарояд. Солҳои 1924-1928 намоишномаҳои «Дили пурҳарорат», «Рӯзҳои Турбинҳо», «Рӯзи бӯқаламун ё зангирии Фигаро» ва «Поезди зиреҳпӯши 14-69»-ро ба саҳна мегузоранд, ки қалби ҳазорон муштариёнро тасхир месозанд.

Станиславский ба ғайр аз фаъолияти омӯзгориву режиссёрӣ ба созмон додани студияҳои актёрони наврас ва ҷавон низ даст зад, ки баъдтар дар заминаи онҳо театрҳои «Моссовет» ва ба номи Е. Вахтангов ба миён омаданд.

Ин абармарди дунёи санъат 7 августи соли 1938 аз дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ рахти сафар баст.

пешина
аз 424
навбатӣ