Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Суратгариро бача бармаҳал сар кард. Ангораҳои аввалинаш аз ҷиҳати ҳунармандӣ ва касбӣ бинандаро ба ҳайрат меоварданд. Нахустин мусаввараи рассоми наврас «Пикадор» ном дошт.

Вақте ки Пабло даҳсола мешавад, оилаашон ба Ла-Коруню мекуҷад. Соли 1892 вай ба мактаби маҳаллии рассомӣ, ки падараш дар он ҷо расмкашӣ сабақ медод, дохил мешавад. Моҳи сентябри соли 1895 онҳо боз кӯч мебанданд. Ин дафъа ба Барселона. Пабло сабақгириро дар мактаби рассомии Барселона идома мебахшад. Вай дар як сеанс аз асл сурат кашида профессорро ба ҳайрат мегузорад. Зеро барои ин амал як моҳ мӯҳлат муқаррар шуда буд.

Пабло соли 1897 ба Академияи рассомии Сан-Фернандои Мадрид шомил мегардад, вале дар ин ҷо ҳам дер намеистад. Вай мустақилона мехоҳад дар ҷодаи рассомӣ роҳи худро ёбад. Ҳамон сол дар Академияи рассомии Мадрид намоиши асарҳои миллӣ баргузор мешавад. Мусаввараи ӯ «Дониш ва тараҳҳум» баҳои баланд мегирад, аммо вай ғайричашмдошт ва бар хилофи хоҳиши падар академияро тарк намуда, соли 1898 ба Барселона бармегардад.

Оғози давраи нилобии эҷодиёти Пикассоро ба миёнаҳои соли 1901 ва анҷоми онро ба охири соли 1904 мутааллиқ медонанд. Ҳарчанд бисёр мусаввараҳои ӯ моҳҳои феврал – апрели соли 1901 дар Мадрид падид омадаанд, аз ҷумла, «Зани нилобипӯш» ва «Хонуми нилобипӯш».

Барои расмҳои ин давра тасвири одамони қашшоқ, рӯҳияи афсурдаҳолӣ ва яъсу ноумедиҳо хос буданд. Мусаввараҳо аз худ ба атрофиён маъюсӣ меафканданд, онҳо бо рангҳои хираву тира, бештар бо рангҳои кабуд, сабз ва нилобӣ офарида шуда буданд. Андоми одамони тасвирёфта ба назар карахт, шахшуда, сангин метофтанд. Суратҳои «Дӯстдори арақи явшон» (1901), «Мулоқот (1902), «Гадои пир бо писарбача» (1903), «Зиндагӣ» (1903), «Вохӯрӣ» (1902),

пешина
аз 424
навбатӣ