100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Пабло Пикассо
(Солҳои зиндагиаш
1881 -1973)
Пикассо – бузургтарин рассоми асри XX ва пешвои авангардизм – аз зумраи ходимони барҷастаи санъати тасвирӣ ба ҳисоб меравад.
Нуқтаи назар ва эҷодиёти бадеии ӯ тасаввуроти анъанавиро оид ба санъат дигар карданд, асарҳояш ба рассомони кулли кишварҳо таъсири ҷиддӣ расонданд.
Пикассо ба ҷустуҷӯи шаклҳои нав ва воситаҳои муассир, ки лаёқати интиқоли ҷаҳондарксозии инсони замонавиро доранд, рӯ овард. Ба шарофати таҷрибаҳои эҷодиаш Пикассо забони нави санъатро бунёд намуд. Яке аз кашфиётҳои бузургтаринаш кубизм – равияи шаклпарастона дар санъати рассомӣ ба шумор меравад.
Бисёриҳо ба нобиға будани Пикассо қоил буданд, вале ӯ ҳама вақт кореро ба субут мерасонд, ки иҷрояшро зарур медонист, ҳарчанд ин амал хилофи нуқтаи назари умум бошад ҳам.
Мақсади эҷодиёти худро рассом ин тавр муайян намудааст:
«Ман сурати ашёро, чӣ тавре ки тасаввур менамоям, ҳамон хел мекашам, на он гунае, ки мебинам».
Пабло Руис – Пикассо 25 октябри соли 1881 дар шаҳри
Малагаи Испания дар оилаи рассом дон Хосе Руис ва Мария
Пикассо – Лопес таваллуд шудааст. Бо гузашти вақт рассом
насаби модарашро гирифтааст. Падараш омӯзгори фурӯтани
фанни рассомӣ буд, гоҳо аз рӯи супориш расми дохили бинохоро мекашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё