100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ҳама шакл муҳим мебошад, шакл бошад, пас аз як маротиба офарида шудан, дигар наметавонад гум шавад, бо ҳаёти мус-тақилонаи худ зиндагӣ мекунад.»
Идеяи рассом, аз шаклҳои анъанавӣ дур шуда, маънои ботинии ашёро зоҳир месозад, ба мисли суратҳои «Скрипка», «Абсент ва карта», «Натюрморт бо курсии бофташуда», «Хо-нуме бо бодбезак».
Аз соли 1914 дуршавии Пикассо аз кубизм ба амал меояд ва дар эҷодиёти ӯ равияи неокласситсистӣ, анъанаҳои реалистӣ хонда мешаванд. Дар матбуот ҳатто дар ҳақаш мақолаҳои тан-қидӣ, аз қабили «Рассоми бӯқаламун» ба табъ расиданд.
Соли 1918 Пикассо бо балеринаи рус Ольга Хохлова ақди никоҳ мебандад. Соли 1921 писарчааш Пол ба дунё меояд. Рас-мҳои дар ин давра офаридааш бо назокату нафисӣ ва ҳаётдӯ-стиашон фарқ менамоянд. Мусаввараҳои «Се зан дар назди чашма», «Модар ва тифл», «Устохонаи ҳайкалтарош» бо як латофат, поирона эҷод гаштаанд.
Соли 1927 Пикассо бо Мария –Тереза Валтер шинос ме-шавад ва аз Хохлова ҷудо шуда, бо ӯ издивоҷ мекунад. Соли 1935 аз ин никоҳ Майя таваллуд меёбад. Вале ин ишқи охирин набуд. Пикассо соли 1943 бо Франсуаза Жило ошно гашта, варо ба никоҳаш медарорад. Аз ин зан соли 1947 Клод ва соли 1949 Франсуаза чашм ба олами ҳастӣ мекушоянд. Дар синни 80 – солагӣ рассоми куҳансоли ҷавондил бо Жаклин Рок никоҳи расмӣ мебандад.
Пикассо аз соли 1940 то 1944 дар Париж зистааст. Узви фаъоли Фронти халқии зиддифашистӣ буд. Дар мавзӯи ҷанг ва сулҳ суратҳои зиёде кашидааст. «Ҷанг» ва «Сулҳ», «Кабӯтари сулҳ», «Ҷанги Корея» аз қабили онҳоянд. Рассом то ҷон дар рамақ дошт, мӯқалам аз даст нагузошт. Пикассо 8 апрели соли 1973 аз олам даргузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё