Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чарлз Чаплин

(Солҳои зиндагиаш
1889-1977)

Ин шахс дар пардаҳои кинои саросари сайёра қариб ним аср падидор гашт. Дар ин муддат бисёр ситораҳои кино дурахшиданд ва нопадид шуданд, вале ӯ ҳамоно чун дӯстдори тамошобинон барқарор истод. Сирри ин шӯҳрати бегазанд дар чӣ бошад?

Сабаби комёбиҳои Чаплин пеш аз ҳама дар пайвастагии истеъдоди хориқаи нақшофарӣ ва режиссёрӣ ва ҳамчунин дар маҳорати яклухтсозии саҳнаҳои мазҳакавӣ ва фоҷиавӣ аз ҷониби ӯст. Қаҳрамони ӯ «одамчаи хурдҷусса»-и костюми нимдошт ба бар, бо пойафзоли бесулуқай ва яқловӣ (котелок), бепарвосту ҳеҷ гоҳ ба гирдоби ғам намеафтад ва аз қаъри ҳар гуна бадбахтӣ моҳирона худро наҷот мебахшад.

Чаплин барои Федерико Феллинӣ «ба маънои томаш Одамато буд, ки ҳамаи мо (ҳунармандони соҳаи кино) аз ӯ ибтидо гирифтаем... Вай ботинан ду одам буд: Овора ва Асилзодаи танҳо, паёмовар, воиз, шоир».

Актёр ва режиссёри фарангӣ Жан-Луи Барро ӯро «намураи олии камолоти ҳунарварӣ ва нобиғаи эҷодкорӣ ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам кино» номида, иловатан фармудааст:
«Вале, пеш аз ҳама, вай қиёфасози беназир аст ва бо санъати

пешина
аз 424
навбатӣ