Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ИОННА
(Солҳои зиндагиаш
? - 857)

Дар бораи папесса (папхонум)-и Рим Ионна дар қомусҳо ишорае нест. Дар ҳақиқат, бо ин унвони олии динӣ ҳукумат рондани бонуе шубҳаовар аст. Аммо аз ин ном сарфи назар кардан ҳам беадолатӣ мебуд. Зеро ин як ҳодисаи басо нодир аст. Аз тарафи дигар, агар ривоят бо сабабе пайдо шудаву асрҳои зиёд вирди забонҳо бошад, пас — «ин ба касе зарур буд», яъне, таърих иҷозат дод, ки зан унвони олитарини диниро соҳиб гардад ва падари рӯҳонии халқҳо бошад.

Воқеаномаи расмии динӣ замоне вуҷуд доштани папессаро қотеъона рад менамояд, агар инкор намекард, шигифтангез мебуд, зеро ғасби мансаби мардона аз ҷониби зан ҳодисаи гӯшношунид ва шармандагии беҳад барои калисои католикӣ аст.

Бори нахуст аз хусуси папесса соли 1276 сухан ба миён омад, он замон як воқеаи аҷиб рӯй дода буд: баъди вафоти Адриани V папаи нав номи Иоанни XXI-ро гирифт, ҳол он ки аз рӯи ҳисоб навбати рақами «XX» буд. Аз рӯи баъзе ривоятҳо папаи гумшуда рӯзҳои башумор дар ин мансаб будааст, аз рӯи дигар гуфтаҳо ӯ зан буда, бинобар он диндорон номи варо боадабона фаромӯш кардан хостаанд. Ба ҳар ҳол Иоанни XXI бо кадом андешае барқарор сохтани тартиби рақамҳоро зарур дониста, ба рӯйхат «рақами намерасидаро» ворид намуд.

Овозаҳо оид ба папесса барқвор паҳн мешуданд. То ба мо ҳам аз рӯзгори ӯ ҳиссаҳои зиёде расида. Масалан, номи

пешина
аз 424
навбатӣ