Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

вай Агнесса, падараш миссионер-мубаллиғи дини насронӣ буда ва ҳамроҳи чанд нафар аз Англия ба Олмон омада, то ки қабилаҳои ғайридинро ба дини исовӣ гардонад. Фақеҳ дар ҳудуди Майнс ин духтаракро, ки минбаъд тахти аз ҳама дилфиреби Аврупоро ғасб намуд, бениҳоят ба дунё овард. Модари Агнесса бармаҳал фавтид, кӯдак пайваста бо падар дар сафар буд ва таҷрибаи динӣ меандӯхт.

Ҳаёти мубаллиғи дин пур аз хатар буд. На ҳама ихтиёрӣ ба дини исовӣ мегаравид. Боре сари фақеҳро бо санг зада кафонданд ва дасташро шикастанд. Ба ёрии падари афгор Агнессаи ҳаштсола расид. Вай хотираи қавии ҳайратангез дошт. Бисёр суханрониҳои падарро ҳарф ба ҳарф аз ёд мекард. Ҳунарманд низ буд, либоси мардона пӯшида, нақши воизи доноро хуб мебозид. Дар корвонсаройҳою ошхонаҳо болои мизе рост истода, ваъз мегуфт. Шояд аз ҳамон лаҳзаҳо вай барои эҳтиёт либоси бачагона пӯшида, нақши писараки ҳамадонро мебозид. «Бача» ҳамчун мӯъҷиза зуд шӯҳрат ёфт. Баъдтар ин тарзи рафтор барои Агнесса роҳи ягонаи зиндагӣ ва халосӣ аз таҳдидҳо гардид. Вақте ки ба синни чордаҳ расид, мубаллиғ даргузашт ва мувофиқи васияташ ҷасади ӯро ба ватанаш бурданд. Дар роҳ барои бехатарии худ Агнесса либоси мардона мепӯшид. Дар кишварҳои Аврупо қадам зада, вай ба як дайри мардона афтод, албатта, бо номи сохтаи Иоанн Ланглӯа. Ин номи қалбакиро Агнесса як умр нигоҳ дошт.

Иоанн Ланглӯа, шогирди нави роҳиб, заҳматпешаву бомаълумот баромад, вай аз дигар бародарон бо ҷаҳонбинии васеъ ва ақли ҷӯяндааш фарқ мекард. Чун ба синни шонздаҳ расид, табиат нигоҳи ӯро ба чеҳраи зебои роҳиби ҷавоне афканд ва байни онҳо муносибати дӯстона падид омад.

Албатта, дар байни ҷавонони бӯзбалаи зиёд нафси нафиси худро пок нигоҳ доштани Агнесса хеле душвор буд. Аз ин рӯ вай парда аз асрор бардошту ҳамаро ба баргузидааш гуфт. Чун «парда барафтод» ҷавон аз зебоии пайкари нуқрафоми духтарак ақл бохт

пешина
аз 424
навбатӣ