100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
овард, киштгардонро ҷорӣ намуд, замин ва хазинаи бойҳоро, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда буданд, кашида гирифт, мусодира кард.
Конфутсий қоидаҳои судиро дар амал хуб риоя менамуд. Дар рӯзҳои аввали раиси шаҳр буданаш, вай маҷбур шуд, ки аз ақидааш гашта мухолифи сиёсиашро ба дор кашад. Ӯ зидди ҳукми қатл буд, аммо давлатдорӣ варо аз ақидаи шах시아ш баргардонд. Конфутсий ба шогирдонаш ин амалашро чунин шарҳ дод: «Шал Чжен-мао гурӯҳҳои ҳамақида ташкил намуда, зидди мо сухан мегуфт, ҳақиқатро дидан намехост, худраъй буд, пас чӣ тавр ӯро ба дор намекашидем?
Вале ҳукми қатл ёрӣ нарасонд. Дарбориён фитнаҳо бардоштанд. Ахиран Конфутсий аз сарзамини Лу рафт. Бо шогирдон аз шаҳр ба шаҳр, аз як мамлакат ба дигаре сафар мекарду ақидаҳояшро тарғиб менамуд. Одамон ӯро бо хушнудӣ пешвоз мегирифтанд, ба суханҳояш гӯш меандохтанд, ба ваҷд меомаданд. Вале дигар чизе рӯй намедод. Ҳоким Вей низ ӯро дӯст медошт, ҳарфаш мешунид, барои ӯ қасру маош (ҳазор чен биринҷ) муҳайё сохт, аммо мувофиқи таълимоти Конфутсий мамлакаташро идора кардан нахост. Ва Конфутсий ин ҷоро низ тарк намуд.
Дар Шоҳигарии Сунг дар канори шаҳр ҳамворие буд. Як дарахти серсояе дошт. Ҳамин ҷо Конфутсий ба шогирдону шунавандагони сершумор ваъз мехонд. Сӯҳбаташ ҳамаи масъалаҳо (илмӣ, динӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ)-ро дар бар мегирифт. Масалан, ӯ нисбати оила, мавқеи зану мард мегуфт, ки вазифаи ҳар як инсон бунёд намудани оила аст. Мӯҳлати беҳтарини оиладорӣ барои мард 20 ва барои зан 15-солагист. Шавҳар сардори оила, зан фармонбардор. Мард – осмон, зан – замин. Боварӣ, бовичдонӣ ва ҳурмату эҳтиром бояд хоси ҳар як оила бошад. Ҳокимият дар оила ба дасти шавҳар аст, то даме, ки боодолату бовичдон аст. Дар зиндагӣ зан пурра аз мард вобаста аст. Марги шавҳар занро аз масъулияти шавҳардорӣ озод намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё