Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳанӯз аз ҷониби нависандагони кишварҳои зиёд фаровон истифода мегарданд, мутааллиқанд. Ва ҳарчанд ки ӯ, ба мисли бисёр бонувони эҷодкор, танҳо дар як асар тамоми қобилияташро пурра зоҳир сохтааст, чароғи маҳсули адабии вай ба тамоми гӯшаҳои ҳаёти фарҳангии ҷомеаи ҷаҳонӣ партав меафканад.

Мурасакӣ барои замони худаш як асари тамоман нав ва нодир – романи қаҳрамонӣ офарид, ки ҳамаи қаҳрамонҳояш одамони заминӣ, ҳақиқӣ ва ба атрофиён шинос буданд. Ҳамаи назокатҳо ва қисмҳои муҳими роман минбаъд дар асри XVIII идома ва рушд ёфтанд. «Достони Генжӣ» падидаи оддии таърихӣ набуда, яке аз беҳтарин шоҳасарҳои насри ҷопонист ва яке аз бузургтарин шоҳкориҳост, ки тахайюлоти бани башар эҷод намудааст.

Мутаассифона, дар бораи муаллифи «Достони Генжӣ»
маълумоти кофӣ нест. Ҳатто номи вай, бо сабаби зӯрии анъанаҳои шарқӣ, зери ғубори ноаёнӣ мондааст. Занони олимақоми ҷопон ҳуқуқ надоштанд, ки ба ашхоси бегона номи худро ошкор созанд. Аз эҳтимол дур нест, ки «Шикибу» номи музофоте бошад, ки дар он падари нависанда ҳоким буд. «Мурасакӣ»
бошад, дар забони ҷопонӣ «арғувонӣ» гуфтан аст. Тахмин мезананд, ки ин тахаллус аз номи яке аз қаҳрамонони китоби қаҳрамони мо гирифта шудааст.

Мурасакӣ, нависандаи оянда, дар оилаи хизматчии олимақоми ҷопонӣ, шахси донишманди зиёитабор ва дар муҳити баҳсу мунозираҳои адабӣ тарбия ёфта, ба камол расидааст.
Бобои ӯ дар таҳияи нахустин тазкираи осори назмии империяи

пешина
аз 424
навбатӣ