100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Ҷопон нақши муҳим гузоштааст, падараш шоир ва олим буду асарҳои классикони чиниро ба риштаи таҳқиқ мекашид.
Мурасакӣ соли 998 ба амакбачааш, ки сарбози горди император буд, ба шавҳар баромад. Тифли ягонааш соли 999 ба дунё омад, соли 1011 бева монд. Дар мобайнҳои даҳаи якуми асри XI Мурасакӣ ба дарбори малика Акико ворид гашт ва муқарраби малика шуд. Дар ин вазифа то соли 1013 хизмат кард. Баъди ин ба ӯ чӣ ҳодиса рӯй дод, бо кадом сабаб аз дарбор рафт ва майда-чуйдаҳои ҳалокаташ бароимон ноаёнанд.
Ба эҷоду таҳрири «Достони Ганжӣ» Мурасакӣ якчанд солро бахшидааст. Эҷодгар, ба гумон аст, ки он вақт дар хусуси авлод ва шуҳрати оянда ба андеша рафта бошад. Қисса барои дилхушии бонувони олимақоми дарбори малика эҷод гашта буд ва онро дар театри шоҳ ба саҳна ҳам гузоштанд. Дар он давра дар адабиёти ҷопон бонувон бештар хома меронданду дар пешрафти адабиёт саҳми арзанда мегирифтанд. Ва истеъдоди фитрии Мурасакӣ, бешубҳа, дар боло рафтани обрӯ ва манзалату вазифаи дарбори малика нақши муҳим бозид.
Аз дафтари хотираи Мурасакӣ пайдост, ки вай бо корҳои рӯзмарраи дарбор банд намешуд, ба ғайр аз ҳамсуҳбати малика будан. Барои эҷод вақти зиёд дошт ва ҳатто, чӣ тавре ки солономависи дарборро ҳавасманд мекарданд, қаламфарсоии ӯ ба ҳар восита қадр мегашт. Аз дафтари хотираи Мурасакӣ аён мегардад, ки вай зани мушоҳидакор ва маъюсе буда, аз ҳаёти ишратомез дурӣ мечустааст, инчунин бо ягон нависандаи машҳури замонаш ҳатто тавассути нома ҳам робитае надоштааст.
«Достони Генжӣ» романи калонҳаҷм буда, қариб давраи 70-солаи таърихи Ҷопонро дар бар мегирад ва дар зинаҳои мансаб болоравии ашрофзода Генжӣ, писари ғайриниқоҳии императорро тасвир месозад. Ин асарро ҳамон чиз ғайриодӣ намудааст, ки дар он ба ҷои нақли ҳодисаҳои аҷоибу ғароиби хаёлӣ сухан дар хусуси одамони ҳақиқии заминӣ ва зиндагии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё