100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
воқеӣ меравад. Муаллиф бо маҳорати том, обутоби бадии, услуби шоирона моҷарои ишқварзиҳо ва дасисабозиҳои Генжи-ро ҳисса кардааст. Ин тарзи нигориш баъдтар дар асри ХХ аз нав эҳё гашт ва аз он бисёр эҷодгарони новелла, аз ҷумла Марсел Пруст истифода бурдаанд.
Шоҳасари Мурасакӣ Шикибу дастоварди оламшумули адабиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки бо гузашти 800 сол ҳам аҳамияти навоварии хешро барои рушди фарҳанги инсоният гум накардааст.
МАЛИКА ТАМАРА
(Солҳои зиндагиаш
тахминан
1164-1207)
Дар замони ҳукмронии шоҳбону Тамара империяи Гурҷистон ба комёбиҳои беназири ҳарбию сиёсӣ ноил гашт. Шота Руставелӣ достони «Палангинапӯш»-ро ба вай бахшидааст.
Имрӯз симои ҳақиқии шоҳбонуро тасаввур намудан хеле душвор аст, дар тӯли қарнҳо ба номи Тамара бисёр воқеаву ҳодисаҳои заминиву хаёлиро мансуб медонанд. Ривояту қис-саҳои гуногуну ба ҳам мухталиф ва сарчашмаҳои таърихӣ бо ҳам печида, қадру қимат, шаъну эътибор ва камбудиҳои ма-ликаро тавре тасвир намудаанд, ки ӯ ба назари авлодони имрӯзааш чун шахси афсонавӣ зоҳир мегардад. Вале, ба ҳар ҳол,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё