100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Кишвар хеле васеъ шуд. Барои нигоҳ доштани он император ҳаҷми андозро зиёд намуд. Акнун аз се ду ҳиссаи маҳсулоти замин ба ҳисоби андоз пардохта мешуд. Кишоварзон ба ғуломони давлат табдил меёфтанд. Ғуломдорон ҳам дар канор намонданд. Ғуломони онҳо низ ба корҳои давлатӣ сафарбар мешуданд.
Аҳолӣ бо тамоми қувва кӯшид, ки аз иҷрои корҳои маҷбурӣ гурезад. Категорияи нави одамон — буванженҳо (одамони пинҳоншуда) пайдо гашт.
Дар Чин системи ба кафилӣ гирифтан рӯйи кор омад. Мувофиқи он дар ҳолати рӯй додани ҷиноят кулли ашхоси бо ҷинояткор робитадошта, ба монандӣ: падар, модар, завҷа, фарзандон, бародарони бузургу кӯчак, яъне ки ҳамаи узви оила ба ғуломони давлатӣ табдил меёфтанд. Ба ин масъала Тсин Ши Хуанди аҳамияти хоса медод. Дар як матни обидаи Ланята дар васфи император омадааст: «...кафилии тарафайни хешу табор буд, ки ба шарофати он дар мамлакат ҷинояткорӣ (ҷинояткорон) ва роҳзанӣ барҳам хӯрданд».
Дар соли 213-и то милод Тсин Ши Хуандӣ боз як фармоне ба имзо расонд, ки мувофиқи он хизматчии давлатии ҷиноятро рӯйпӯшкарда низ ба мисли ҷинояткор ҷазо мегирифт. Бо ин амал император пеши роҳи суиқасди хизматчиёни давлатиро бастанӣ мешуд.
Ҳукми қатл бештар ба ҷинояти зиддиҳукуматӣ содир мегашт. Дигар ҷинояткорон, чӣ марду чӣ зан, ба сохтмони Девори бузурги Чин сафарбар мешуданд.
Дар охирҳои зиндагии Тсин Ши Хуандӣ муборизаи идеологии ҷонибдорони таълимоти Конфутсий бо «фатсзя»-и идеологияи давлатӣ хеле тезутунд гашт. Давлатдорон бисёр адабиёти конфутсийҳоро, ки дар китобхонаҳои шахсӣ маҳфуз буданд, оташ заданд.
Баъди воқеаҳои соли 213-и то милод император дигар ба маслиҳати машваратчиён гӯш намекард, танҳо худаш ҳукм ме

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё