Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

артиши боқимондаи шаш давлати собиқро низ пурра беяроқ намуд. Яроқҳоро дар кӯраҳо гудохта, аз онҳо занӯлаҳою ҳайкалчаҳо сохтанд.

Аз ҷангҳои байнихудӣ тарсида, император ба ягон писараш замин набахшид, тамоми ҳукуматро дар дасти худ нигоҳ медошт. Инчунин, кулли қонунҳои пешинаро аз эътибор соқит намуда, барои империяаш қонунҳои нави ҷорӣ кард. Император ҳукмрони мутлақ буду дигар кормандони дастгоҳ танҳо иҷроии фармонҳои ӯ ба ҳисоб мерафтанд.

Император ҷангро дар ду самт — шимол ва ҷануб идома мебахшид. Дар шимол бештар ҷангҳои ҳимоявӣ мебурд. Ниҳоят дар соли 214-и то милод ба ҷанговарони ӯ муяссар гашт, ки сарҳади шимолии Чинро аз нав мисли давраи Чжани о барқарор созанд.

Барои аз душман, ҳуҷуми барқосои кӯчманчиён, муҳофизат намудани шимоли кишвар Тсин Ши Хуанди тасмим гирифт, ки девори муҳофизатӣ бунёд намояд. Масоҳати сарҳади шимолӣ ба 10000 ли мерасид. Ибораи «Ванҷи чангэн» — «Девори дарозиаш 10000 ли» аз ҳамин ҷо пайдо гашт, ки онро аврупоиён Девори бузурги Чин меноманд. Сохтмони девор соли 215-и то милод, вақте ки артиши сесадҳазораи сипаҳсолор Мен Тян расида омад, оғоз ёфт. Дар баробари аскарҳо асирони ҳарбӣ, маҳбусон, ғуломони давлатӣ ва аҳолии ҷомеаҳо, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ сафарбар мешуданд, девор мебардоштанд.

Барои сари вақт расонидани артиш ба маҳалли сохтмон, соли 212-и то милод бунёди шоҳроҳ оғоз гашт. Роҳ маркази кишварро бо шимол пайваст.

Дар ҷануб бошад, қабилаҳои сернуфузи Юэ ва давлати Аулак, ки дар шимолу ҷануби нимҷазираи Ҳиндухитой доман густурда буд, объекти забткории тсиниҳо шуданд. Се соли аввали ҷанг он қадар натиҷаи дилхоҳ набахшид. Танҳо боз як кӯшиши тсиниҳо дар соли 214-и то милод имкон дод, ки Намвет ва қисми шимолу ҷануби Аулак ба империя ҳамроҳ гардад.

пешина
аз 424
навбатӣ