100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
мегардад ва сару калобаашро гум карда, аз паси маъшуқ ба Александрия меравад.
Ба ошиқон дигар чӣ шабу чӣ рӯз аз ҳам фарқ надошт. Клеопатра хуб медонист, ки то даме Антоний бо ӯст, кишвараш аз таҳдиди Рим осуда аст.
Маликаи Миср муваффақ гашт, ки тоҷи давлатдориро ба номи писараш Птолемей - Сезар ба ворисӣ супурда, аз хоҳари хурдияш Арсиноэ куллан дур шавад. Арсиноэ, ки дар Милет гуреза буд, дар маъбади Диана ба қатл расид. Мукофот соҳиби худро ёфт. Клеопатра акнун пурра ба Антоний мутааллиқ буд.
Триумвир юриши зидди парфянҳоро мавқуф гузошт, зеро сеҳри ишқи Клеопатра ӯро пойбанд нигоҳ медошт. Ҳаёти ошиқу маъшуқ дар Александрия пур аз эҳсосоти меҳру муҳаббати самимона буд, онҳо худро «беназир» меномиданд.
То даме ки триумвир дар оғӯши маликаи мисрӣ андар айшу ишрат будӣ, Фулвия, завҷаи ӯ, дар Рим дар оташи рашк месӯхт.
Занаки аз назари шавҳар дур гашта тавонист нерӯ гирд орад ва ба ҷанг бархезад. Ин ҷанг дар таърих бо номи «Ҷанги Перузин» маъруф аст ва он ба фоидаи Антоний набуд. Восита филфавр таъсир расонд. Ошиқи Клеопатра ба таври оҷил сӯи Рим роҳ гирифт ва дар он ҷо аз ҳалокати завҷааш огоҳӣ ёфт. Антоний барои ба даст овардани дили Октавиан, баъдтар император Август, аз кардаҳояш пушаймон гашт ва барои хонадоршавӣ бо Октавий, хоҳари ӯ, розӣ шуд.
Се соли пур аз яъсу фироқ Клеопатра дур аз Антоний, ки аз ӯ сегоник: Александр, Клеопатра ва Птолемей дошт, зист.
Маликаи дар байни зару зевар ғӯта зада, худро аз ҷониби шахсе, ки аз ҷонаш ҳам зиёда дӯст медошт, хоршуда мепиндошт.
Ғам мехӯрд, вале ба атрофиён ҳиссиёти ботиниашро зоҳир намесохт, худро лоқайд нишон медод.
Охирҳои соли 36-и то милод Антоний бар зидди Сурия лашкар кашид. Вале ҳамин ки ба соҳили осиёӣ қадам гузошт, маъшуқаашро ба ёд овард. Оташи ишқ дар қалбаш аз нав шӯъла

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё