100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
зад, пайке фиристоду Клеопатраро надаш хонд. Ду дил якҷо шуду онҳо дар оғӯши гарму нарми ҳамдигар лаззати ишқ чашиданд. Аммо бо фармони аз Рим расида Антоний ба ҷанг рафт. Лекин ҷудоии онҳо тӯл накашид. Сипаҳсолор Арманистонро мутеъ намуду шоҳи онро асир гирифт.
Ғалабаи худро Антоний дар Александрия якҷо бо Клеопатра бо шукӯҳу шаҳомати бузург қайд намуд ва бо ин амал ватан, сенат ва халқашро таҳқир кард. Вале триумвир парвои Рим надошт. Ҳангоми ҷашн Антоний кишварҳои забтнамудаашро ба фарзандонаш бахшид ва амр баровард, ки бо ному акси Клеопатра тангаҳо сикка зананд. Ҳатто берӯияш ба дараҷае расид, ки дар сипари ҷангиёнаш акси маликаи мисрӣ ҷилва мекард.
Октавиан аз тӯл кашидани ғоибии Антоний ба хашм омад ва ба ин Клеопатраро гунаҳгор дониста ба Александрия лашкар кашид. Ҷанги шадиду хунин ба вуқӯъ пайваст. Антоний Октавианро қариб шикаст медод. Вале Клеопатра ба сирри амалиёти ӯ сарфаҳм нарафта аз майдони муҳориба гурехт ва онҳо шикаст хӯрданд. Вақте ки Октавиан ба Александрия қадам гузошт, Антоний ба дилаш ханҷар заду дар оғӯши Клеопатра ҷон ба ҷонофарин таслим кард.
Октавиан, император, фарзандони Клеопатраро ба Рим фиристод, бо малика нисбатан меҳрубон буд. Ӯ фақат ду чиз мехост: хазинаи Мисрро, то ки ба ҷангиёнаш маош диҳад ва иштироки маликаи соҳибҷамолро дар ҷашнвора ба шарафи ғалабааш.
Баъди дафн намудани Антоний Клеопатра ба қаср омад. Ӯро ҳамчун малика пешвоз гирифтанд. Император бо вай меҳрубону боилтифот буд. Аммо аз як нафар наздикони император шунид, ки Октавиан баъди ду рӯз Клеопатраро занҷирбанд намуда, ба халқи Рим намоиш медодааст.
Дар ривояте омадааст, ки малика барои ғулом нашудану тантанаи душманро надидан, фармудааст барояш дар сабат мори заҳрнок биёранд. Ва ӯ аз газидани мор мурдааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё