Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бо Наталиа Кирилловна Наришкина, дастпарвари боярин А.С. Матвеев, таваллуд ёфтааст. Аз никоҳи якум бо Мария Милославская шоҳ ду писару як духтар (Фёдор, Иван, Софя) дошт. Вале як писар касалманд буду дигаре ноқисулақл. Аз ин рӯ тамоми умед ба Пётр буд, вай бояд чун вориси арзандаи тахту тоҷ ба воя мерасид. Вале таълими шоҳзода суст сурат мегирифт. Ҳатто маълум аст, ки бача соли 1683 ҳам ҳанӯз алифбо мехонд. То охири умр вай ба имлою грамматика эътибор намедод. Аммо аз бачагӣ ба амалиётҳои ҳарбӣ ва нақоразанӣ завқи беандоза зоҳир месохт. Соатҳои зиёд савори «асп»-и чӯбин, ки яке аз машғулиятҳои анъанавии оилаи шоҳон ба ҳисоб мерафт, медавид.

Соли 1676 шоҳ Алексей Михайлович мурд. Ба тахти шоҳӣ Фёдор Алексеевич нишаст, аммо вай ҳам соли 1682 ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҳамин тавр дар даҳсолагӣ Пётри I бо бародараш Иван шоҳи Русия эълон гашт. Ба ду нафар будани шоҳ шоҳдухтар Софя исрор намуд ва пас аз он лаҷоми ҳукмрониро пурра ба даст гирифт. Ҷонибдорони Пётр аз давлатдорӣ барканор шуданд.

Малика Наталя ҳамроҳи писараш ба деҳаи Преображенскии назди Маскав кӯчид. Аз рӯи гуфти княз Куракин, хеши малика, Наталя «боақл набуд». Вай танҳо ба тарбияи ҷисмонии фарзанд аҳамият медод. Пётр ҳамеша дар иҳотаи паҳлавонони ҷавон, бачаҳои ҳузарби болобаланд мегашт, донишмандону «ашхоси шинохта» дар канор монданд.

Солҳои 1683-1685 аз ҳисоби шиносҳо ва ихтиёриён дар деҳаҳои Преображенский ва Семёновский ду полки ҷангӣ созмон ёфт. Онҳо дар оянда асоси гвардияи Пётри I-ро ташкил доданд. Пётр фаъолияти ҳарбиашро аз аскари қаторӣ оғоз бахшид, нақорачии полк буд. Аммо ҳамон вақт ҳам ба техникаи ҳарбӣ, махсусан ба артиллерия таваҷҷӯҳи хоса дошт.

27 январи соли 1689, ҳанӯз ба синни 17 нарасида, Пётр бо Е.Ф. Лопухина, духтари дворянини майдамулк, хонадор мешавад.

пешина
аз 424
навбатӣ