100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Дар синни ёздаҳ Ҷорҷ аз падар маҳрум гашт. Ҳамроҳи ӯ, ки фарзанди калонӣ буд, дар оила боз се писару як духтар монд. Ба шакл гирифтани шахсияти вай ҳанӯз аз шашсолагиаш бародари ӯгаяш Лоуренс, ки баъдтар ба қисми бештари мерос соҳиб шуд, нақши носутурдание гузошт. Пас аз фавти падар Лоуренс Хантинг-Крикро ба Маунт-Вернон табдил дод. Пас аз чанд моҳи марги шавҳараш Мэри Ҷорҷро ба назди бародарони ӯгай гуселонид.
Ҷорҷ дар муҳити хона тарбият ёфт, савод омӯхт, махсусан дар омӯзиши фанни математика комёб гашт. Ин ба вай имкон бахшид, ки дар оғози баҳори соли 1748 ҳамчун ёвари топограф дар чен кардани қитъаҳои ҷудогонаи замин ширкат варзад. Зимистони ҳамон сол дар коллеҷи Вилямсбург имтиҳон супурда, шаҳодатномаи заминпаймо гирифт. Бо ёрии Лоуренс дар мулки графии Калпепер танобчӣ таъин шуд. Моҳи сентябри соли 1751 Вашингтон ба Барбадос сафар намуд. Ӯ ҳамсафари Лоуренс буд. Бародараш мехост пас аз маризӣ саломатиашро беҳбудӣ бахшад. Вале орзуяш ҷомаи амал напӯшид. Лоуренс моҳи июли соли 1752 аз олам чашм пӯшид. Ҷорҷ ҳам ба шакли сабуктари бемории нағзак гирифтор шуд.
Пас аз вафоти бародараш Ҷорҷ ба мулки Маунт-Вернон соҳиб гашт. Ҳамон соли 1752 майори дастаи ихтиёрӣени маҳаллӣ интихоб гардид ва дар ҷанги ҳафтсолаи зидди франсузҳо ширкат варзад. Зуд ҳамчун афсари болаёқат обрӯ ёфт, унвони полковникӣ гирифт. 6 январи соли 1759 ба зани 26-солаи бевамонда Марта Дандриҷ Кастис, ки соҳиби ду фарзанд – писару духтар ва бойигарии зиёд буд, оила барпо кард.
Ҷорҷ Вашингтони заминдор 16 сол ҳаёти осудаҳолона ба сар бурд. Вай аспҳои хушзоти зиёд ва сагҳои шикорӣ дошт. Вақти бештараш дар шикор сипарӣ мегашт.
Солҳои 1758-1774 ӯ вакили маҷлиси қонунгузории Виргиния интихоб мешавад. Сиёсати мустамликадорони Британияи Кабирро зери тозиёнаи танқид мегирад. Ба воридшавии ҷойи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё