Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Англия боҷи гумрукиро зиёд мекунанд ва ин боиси ҷанг мегардад. Вашингтон эътибор ва обрӯи беҳамто, таҷрибаи зиёди ҷангӣ дошт. Аз ин рӯ ӯро соли 1775 сарфармондеҳи армияи муҳоҷирон таъин менамоянд.

Бархӯрди фермерҳои Лексингтону аскарҳои англис 18 августи соли 1775 ба оғози ҷанг сабаб гашт. Муҳорибаи нахустини ҷиддӣ моҳи июни ҳамон сол дар Банкер-Хилл, наздикии Бостон ба вуқӯъ пайваст. Англисҳо бо вуҷуди талафоти зиёд, муҳоҷиронро шикаст доданд. Ин ҳолат ошкор сохт, ки амалиётҳои ҷангӣ бояд ба дигар тарз, қатъитару ҷиддӣ сурат гиранд. Роҳбарони муҳоҷирон 4 июли соли 1776 дар Филаделфия ҷамъ омада «Декларатсияи истиқлолият»-ро қабул намуданд, ки он Амрикоро давлати соҳибистиқлол эълон медошт. Ва ҳам қарор шуд, ки артиши доимӣ созмон дода шавад ва Ҷорҷ Вашингтон сарфармондеҳ таъин гардад. Умуман, тамоми музаффариятҳо баҳри истиқлолияти давлатии Амрико ба номи ӯ пайванданд.

Вашингтон дарк сохт, ки дар ин ҷанг на танҳо нақши артиш муҳим аст. «Ҳамеша вазъи рӯҳии халқро ба эътибор бояд гирифт, - мегуфт вай, - агар он ба рафти амалиёти ҷангии мо халал ворид насозад. Ин ба он намуди ҷанге, ки мо пеш мебарем, бисёр муҳим аст. Ҳисси ботинӣ ва омодагӣ ба ҷонбозӣ дар бисёр ҳолатҳо ҷойи маҷбурсозиро мегиранд».

Интизоми ҳарбиро дар мадди аввал мегузошт. Дар рӯбарӯи аскарҳо Вашингтон фармондеҳи сангдил метофт. Дар байни наваскарони қаторӣ носазогӯиро решакан ва озодагии ахлоқро ҷорӣ мекард, аммо аз дидани одатҳои ғайриҳарбии афсарон чашм мепӯшид.

Вай конгресси қитъавиро талқин менамуд: «Ба одамон итоат накардан ба сардорони обрӯнадошта хос аст. Танҳо ҷавонмардони давлатманд, дастпарварони оилаҳои арзанда ҳамчун
афсар одатан фоида меоранд». Вашингтон ба баланд бардоштани маоши афсарон аз ҷониби конгрес комёб гашт. Вале ба
ӯ муяссар нашуд, ки ба зудӣ артиши пурқуввати интизоми

пешина
аз 424
навбатӣ