Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вилгелми IV таъин гашта буд, иҷро мекард. Дар ин давра Бисмарк ҷонибдори ашаддии ҳокимияти подшоҳӣ ба ҳисоб мерафт: вай мепиндошт, ки шоҳони Пруссия ҳокимиятро аз Худо гирифтаанд ва аз ин рӯ танҳо дар назди Парвардигор масъуланд.

Инқилоби алангазадаи соли 1848 ӯро дар Шенхаузен ба сифати мулкдори комгор дарёфт. Дар ин замон рӯҳияи ультрароялистии Бисмарк чунон забона зада буд, ки ҳатто шоҳ барои беобрӯ нашудан аз вохӯрӣ бо ӯ мегурехт.

Нафрат доштан ба радикализм (равияи сиёсии буржуазӣ баҳри ислоҳи демократӣ) ӯро маҷбур месохт, ки зидди муттаҳидгардии немисҳо сухан гӯяд. «Мо аз пруссак будан хушбахтем ва мехоҳем пруссиягӣ бимонем», - хитоб намуд ӯ дар порлумон ва исбот кардаӣ мешуд, ки ҳукумати пруссақҳо ба амалӣ гаштани ягон хел лоиҳаи муттаҳидгардӣ роҳ намедиҳад. Вай тайёр буд, ки ҳамаи он чизеро, ки баъд аз бист сол ӯро ҷовид гардонданд, зери по намояд.

Дар замони инқилоб тафаккур ва ҷаҳонбинӣ, маърифат ва дигар хислатҳои Бисмарк рушд ёфтанд. Вай дар ҳар гуна шароит худро гум намекард, даступо намехӯрд. Ӯ дар як ҷаласаи Ландтаги муттаҳида ба рӯи мухолифинаш чунин луқмаи сӯзанда партофт: «Дар садоҳои норавшани шумо ягон бурҳони қотеъ намебинам».

Моҳи майи соли 1851 Бисмарк аввал машваратчӣ, сипас сафири Пруссия дар назди Сейми умумииттифоқӣ дар Франкфурти Майн таъин мешавад. Дар тӯли ҳашт соли сафирӣ вай бисёр нозукиҳо ва назокатҳои муносибатҳои дипломатиро омӯхт. Ягон макр, ҳила, найранг, фитна ва дасисаи печ дар печ аз чашмони ҳамабинаш пинҳон намемонд.

Дар Франкфурт, дар ин маркази ҳилаву сиёсати маккоронаву мураккаб, Бисмарк оҳиста-оҳиста дарк сохт, ки эҳӯи Австрия ва Пруссия дар чаҳорчӯбаи иттиҳоди Олмон дар шакли пештарааш имконнопазир аст. Бисмарк ҳис намуд, ки маркази сиёсати Аврупо ба Париж кӯчид. Дар рафти ҷанги Қрим, тобистони

пешина
аз 424
навбатӣ