Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Маҳатма Гандӣ
(Солҳои зиндагиаш 1869-1948)

Гандӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати миллӣ-озодихоҳии ҳиндуён буда, ҳаёти ӯ бо таърихи муборизаи халқ баҳри истиқлолияти миллӣ сахт марбут аст. Гандизм ба барномаи муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ табдил ёфт ва дар миқёси ҷаҳон миллионҳо нафар тарафдор пайдо кард.

Моҳандас Карамчанд Гандӣ дар Гуҷарат соли 1869, дар оилаи шахси бадавлат, ки ба табақаи савдогарони касбӣ мутааллиқ буд, таваллуд ёфтааст. Дар бачагӣ бисёр шармгину зудранҷ буд. Аммо тавонист дар ҳаждаҳсолагӣ озими Лондон шавад. Вай дар он ҷо маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифт.

Соли 1893 Гандӣ баҳри ҳимояи як ширкати англисӣ дар мурофиаи судӣ ба Африқои Ҷанубӣ сафар кард. Ӯ дар ин кишвар дарк сохт, ки чӣ қадар ҳиндуҳо, ҳабашҳо ва дигар намояндагони ғайрисафедпӯстон мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ доранд. Гандӣ ба қароре омад, ки дар Африқо, баҳри ёрӣ ба халқи оддӣ, бимонад. Вай дар ин ҷо солҳои 1893-1914 манфиатҳои ҳамватанони муҳоҷирашро ҳимоя намуд. Маҳз дар ин кишвар ақидаҳои фалсафӣ ва ҷамъиятию сиёсии Гандӣ, ки минбаъд тактикаи муборизаи ӯро бо мустамликадорони англис муайян сохт, шакл гирифтанд.

Бори нахуст дар Африқои Ҷанубӣ Гандӣ дар амал принсипҳои «ғайризӯрии ғайриҳамкорӣ» (на ба ҳукумат зӯрӣ дорем, на ба он ҷонибдорем) ё сатяграха («матонат дар роҳи ҳақиқат»)-

пешина
аз 424
навбатӣ