Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ро, ки дар зери таъсири воқеаҳои сиёсии оғози асри бисти Русия ҳосил шудаанд, истифода бурд.

Ба ҳодисаҳои соли 1905-и Русия баҳо дода, Гандӣ зикр сохт, ки «ҳатто сарвари пурқудрат ҳам наметавонад бе дастгирии раият ҳукмдорӣ намояд». Аз таълимоти Л.Н.Толстой Гандӣ усули муборизаи ғайризӯриро қабул кард. Соли 1908 вай маъракаи нахустини саркашии шаҳрвандонро нисбати қонунҳои иртиҷоии режими мустамликадорони Африқои Ҷанубӣ созмон дод. Ба шарофати дар Африқо бомуваффақият гузаронидани якчанд маъракаҳои шаҳрвандони бо ҳукумат ҳамкорӣ надошта, чопи мақолаҳо дар матбуот, махсусан дар маҷаллаи «Индиэн Опиниэн» («Ақидаи Ҳинд») ба дастгирии ҳаракати миллии ватанаш, номи ӯ дар Ҳинд ҳам вирди забонҳо шуд. Соли 1914 Гандӣ ба ватан баргашт. Пас аз як сол дар Аҳмадобод ӯ бо дастгирии буржуйҳои Гуҷарат маркази ташвиқотию тарғиботии идеяи сатяграха «Сатяграха-ашрам»-ро бунёд бахшид. Ӯ се маъракаи «ғайризӯрии ғайриҳамкорӣ»-ро амалӣ намуд. Аввалин соли 1915 дар князигарии Раҷқот барои манъи як қатор боҷҳои гумрукӣ, дуюмин соли 1917 баҳри ислоҳоти тарзи мардикоргирӣ ба хориҷа, сеюмин охири соли 1917 аввали соли 1918 дар Биҳор бар зидди истисмори деҳқонони Ҳинд аз ҷониби заминдорони англис ба вуқӯъ пайваст. Баъди ин маъракаҳо обрӯю эътибори сиёсии Гандӣ дар Ҳиндустон хеле боло рафт. Баромадҳои ӯ дар ниҳоди миллатгароён ҷалби оммаро дар мубориза бар зидди режими мустамликадорон ҷой намуд.

Дар рафти қиёми муборизаҳои миллӣ-озодихоҳӣ нахустин иттифоқҳои касаба ба миён омаданд. Соли 1918 бо иштироки Гандӣ Ассотсиатсияи коргарони бофанда созмон ёфт. Вай дар матбуот ва ҳамоишҳо муттасил баромад мекард. Аввали солҳои бистум Гандӣ яке аз симоҳои шинохта дар байни миллатгароёни Ҳинд буд. Вай бо бисёр забонҳои ҳиндӣ ҳарф мезад, — барои мардуми оддӣ одами худӣ буд. Дар гузашта сарватманд бошад ҳам, дар қатораҳои дараҷаи сеюм ба сафар мебаромад.

пешина
аз 424
навбатӣ