Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Медамад субҳу қилла¹ баста саҳоб
Ассабӯҳ ассабӯҳ ё аҳбоб²!
(Ҳофиз).

Пурсидам аз табибе аз ҳоли дӯст, гуфто:
Фӣ қурбиҳӣ азобун, мин буъдаҳӣ салома³.
(Ҳофиз).

Гоҳе муламмаъро ба тоҷикию туркӣ ҳам гуфтаанд. Чунончи ғазали зеринро, ки ба тоҷикию туркӣ гуфта шудааст, ба Абдураҳмони Ҷомӣ нисбат медиҳанд:

Эй лабат пурхандаву чашми сиёҳат масти хоб,
Инки зулфинг орасида оғ ёзингдур офтоб.
Мастии май мекунад рӯи туро ғарқи арақ
Бода иҳсанг тӯкулур инки қизил юздан гулоб...

Давлатшоҳи Самарқандӣ дар ҳаққи Алишери Навоӣ гуфтааст:

Субҳидам оғди юзиндан пардаи нилуфарӣ*
Чилва берди ҳуснини зебо арӯси ховарӣ.
Аз уфуқ то шуд яди байзои Мӯсо⁵ ошкор,
Бул-аҷабқороии шабро рафт сеҳри Сомирӣ⁶...

Ин қасида аз ҳабдаҳ байт иборат буда, то охир як байт тоҷикӣ ва дигаре ба туркӣ меравад.

Гоҳо дар муҳаммасҳо банде ба тоҷикӣ ва банде ба туркӣ ва ё нисфи мисраъ ба тоҷикӣ ва ними мисраъ ба забони дигар гуфта мешавад.

Санъати мазкур дар эҷодиёти даҳонии халқ низ бисёр дучор мешавад. Ҳатто гӯяндагони халқӣ порчаҳое эҷод кардаанд, ки бо забонҳои русию тоҷикӣ гуфта шудааст:

АКС
(Чаппа)

Санъати акс аз он иборат аст, ки шоир мисраи якумро ба ду ҳисса ҷудо мекунад, баъд дар мисраи дуюм ҷои ин ҳиссаҳоро дигар мекунад ва дар натиҷа бо таъхиру тақдим мисраи алоҳида ба вуҷуд меояд. Аз ҳамин сабаб ин санъатро табдил ҳам меноманд.

¹ Қилла бастан — парда, чодар ба по кардан.
² Ассабӯҳ — овозест, ки ёронро ба нӯшидани шароб даъват мекунанд, яъне, эй аҳбоб, биёед сабуҳӣ кунем.
³ Дар ҳузур ва наздики ӯ будан азоб аст ва аз дурии ӯ роҳат аст.
⁴ Пардаи нилуфарӣ — киноя аз шаб.
⁵ Яди байзои Мӯсо — киноя аз офтоб.
⁶ Сомирӣ — номи соҳире, ки ба муқобили Мӯсо баромада буд.

пешина
аз 303
навбатӣ