Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ба забооне, ки мо ҳам бифаҳмем, гап зан ва ин ранг титол-бофӣ накун (С. Айнӣ).
Вале дар адабиёти бадеӣ нависанда титолро ба муқобили сохти ҷамъиятӣ норизомандона истифода мебарад.
Титол зоҳиран хандаовар намояд ҳам, зимнан ба сӯи арбоби ҳукумати амирӣ ва шариатпаноҳони ӯ равона шудааст. Аз ҷумла, дар асри XIX Мирзо Олими Ҳисорӣ титолро бар зидди амиру ҳоким, мулло, муаззин, паҳлавонони ноӯҳдабаро ва ғайра ба кор бурдааст (ба таври мухтасар):
Рӯзе аз рӯзҳо бар сари саросемаи ман ҳавои соятарошӣ афтода, рӯ ба кӯчаи Чалпакдӯзон ниҳодам. Дидам, ки пиразани бедонареш нимтанаи лоҷувардҷандоми чингизхонии дар бар дорад ва аз мӯи асп каллапӯши чӯбини ҳарротӣ дар гӯ-шаи абрӯ ниҳода, ин абӯтро мехонд:
Думи рӯбаҳ пайтобаи мокиён,
Саги лукқа ҳар нест дар Систон.
Малаҳ реши гӯсоларо шона зад,
Биғалтид қурбоққа аз нардбон.
...Аз он гузашта бар лаби ҳавзи шикастаҳолон расидам. Шо-гирди каллапазро болои зинапоя дар васфи мардонагӣ ва паҳ-лавонтарошӣ гӯё ёфтам, бар ин таъриф ки:
Ман марди майдон ба рӯзи масоф,
Ба ханҷар дили мум созам шикоф.
Канам нахли кашнизро ман зи беҳ,
Кушоям лачоми фарасро зи меҳ,
Зо чо барканам хонаи анкабут,
Ниҳам бар лаби кайк мӯҳри сукут,
Надорад ба сарпанҷаам тоб кас,
Ки аз табли ҷангам гурезад магас...
Чунин ин таърифро аз ӯ шунидам, дар қуввати бозуи ӯ офа-рин кардам.
Бегоҳ дар масҷиди зуғӯтагарон хоб кардам, саҳар муаззи-ни он масҷидро дар ин муноҷот ёфтам:
Илоҳӣ, нахли умрам аз қасофат пурсамар гардад,
Дамодам толеи шӯрам зи аввал шӯртар гардад,
Ҳарам бо сад такаллуф лахми хубу тозаву дилкаш,
Ба хона н-омада пшкамбаву шушу ҷигар гардад.
Даме баҳри саворӣ аспи мавзуну бидав гирам,
Шавад песу игиру кӯтуру аз ҳар батар гардад.
Ман дар омин гуфтан будам, баногоҳ ба гӯшам расид, ки пагоҳ вақти чошт подшоҳи аср охунди Кулӯлан манаҳкашол ва муллолаванди чобуксаворро иҷлос меандозаид 1. Аз рӯи шараф худро бар болои арк гирифтам. Дидам, ки умаро дар маснадҳо қарор гирифтаанд. Соате таваққуф кардам. Муллокулӯ-
1 Иҷлос андохтан — маҷлиси мунозара ташкил кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё