Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
лаи манаҳкашол даромада, дар шаъни ҳоким ин абӯтро баён намуд, ки:
Шаҳо, пайтобаи ҳар бар сарат тоҷи бақо бодо,
Ба поят риши лаклак мӯзаи нашъунамо бодо!
Ба ҳар ҷониб барои баҳри чанг, эй душмани нокас,
Мададгорат сагу пушту паноҳат гуробҳо бодо!
Муллолаваиди чобуксавор низ аз пай даромада ин абӯтро хонданд:
Умри ту дароз бод ҳамчун думи буз,
Дасти ту шикаставу наёбӣ лағзиш...
Ва мани муҳаққар низ аз паи онҳо даромада ин абӯтро адо намудам:
Эй шоҳ, фурӯғи давлати ту лаклак,
Пайваста мададгори ту бошад хару саг.
Ҳар гоҳ шавад гуруснагӣ муставлӣ,
Хӯроки ту бод мушту зарбу калтак.
Бикнӣ ба кафи Ҳасаналӣ бугурсок!
Гардад даханат кушода мисли чалпак
Дар хобӣ хумори ту барояд1 турушӣ,
Чун ко’й ба пешат ояд сумалак.
Дар ҳаққи дуои ту бигардад мақбул
Албатта зи ман мушту зи ту ҳекиртак!
Ин титоли Олими Ҳисорӣ аз баёзи № 314-и китобхонаи ба номи Фирдавсӣ (саҳ. 23) гирифта шуд.
Шеърҳое ба мисли шеърҳои титоли Олими Ҳисорӣ дар адабиёти давраҳои пештар низ мавҷуд буданд. Чунончи намунае аз асри XVI:
Ба худое, ки холиқулбашар аст,
Шиша аз обгина сохттар аст.
Дар Самарқанд гурба ях нахӯрад,
Дар Бухоро хурӯс мурғи нар аст.
Шамсиддини Шоҳин титоли мусаҷҷаҳро дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» ном асараш дар муқобили амиру лаганбардорон, боёни судхӯр, уламои дину шариат, умуман бар зидди ҷаҳолат ва вайрониҳои сохтаи иҷтимоӣ ба ғояти устодӣ истифода мебарад ва онҳоро ҳадафи тири заҳромези танқид мегирад:
«Аз каловаи аҷуз бар чеҳраи арӯс турра (качак) оростан маҳз ҳаёт аст, номумкин, ва аз кунҷораи ҷувоз бар гӯсфанди оҳӯрӣ дунба перостан сирф муҳол, ман зомин».
«Аз рӯдаи кайк ҷиллайи камон ва аз думи муш банди тунбон ба хусул намеанҷомад, лоех аст. Ва аз тоҷи хурӯс бодбебзак ва аз синаи мокиён теғи тез ба зуҳур намеанҷомад2, возеҳ аст».
1 Бояд — «дарояд» бошад.
2 Бояд «намепайвандад» бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё