Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
«Хирси кӯҳро бо хатиби масҷиди калон муқоиса хато ва бӯзинаро бо рӯдзани маҷлиси бузургон нораво».
САНЪАТИ ТАҒИИР
Шоир ғазали барҷаста ва маъруфи шоиреро ба тариқи за-рофат ва шӯхӣ тасарруф мекунад, яъне баъзе калима, тар-киб, ибораи байтҳоро дар ҳамон вазну қофия ва радиф чунон тағйир медиҳад, ки дар натиҷа мазмун ва мақсад низ ба ран-ги дигар медарояд.
Абдулқодирхоҷаи Савдо баъзе ғазалҳои Абдулқодири Бе-дилро моҳирона тағйир ва тасарруф кардааст.
Аз Бедил:
Ба авҷи кибриё к-аз паҳлуи аҷз аст, роҳ он ҷо, Сари мӯе гар ин ҷо ҳам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.
Аз Савдо:
Ба авҷи бепулӣ, к-аз паҳлуи ҳарҷ аст роҳ он ҷо, Сари мӯ ҳарҷ афзунтар кунӣ бишкан кулоҳ он ҷо.
Аз Бедил:
Адабгоҳи муҳаббат нозу шӯхӣ барнамедорад, Чу шабнам сар ба меҳри ашк меболад нигоҳ он ҷо.
Аз Савдо:
Адабгоҳи ҳасосат ҳарҷи беҷо барнамедорад, Чу ҳамён сар ба мӯҳри танга меболад нигоҳ он ҷо.
Аз Бедил:
Зи тарзи машраби ушшоқ сайри бенавой кун,
Шикасти ранги кас обе надорад зери коҳ он ҷо.
Аз Савдо:
Зи тарзи машраби имсок сайри бенавой кун, Ки бебокона натвон ҳарҷ кардан парри коҳ он ҷо.
Аз Бедил:
Замингирам ба афсуни дили бемуддао, Бедил, Дар он водӣ, ки манзил низ меафтад ба роҳ он ҷо.
Аз Савдо:
Кунам карзе ба афсуни дили бемуддао, Бепул, Аз он мумсик, ки гар мумкир шавӣ, набвад гуноҳ он ҷо.
1 Бепул — тахаллуси дигари Савдост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё