Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Шеъре, ки шаклам мадҳу мазмуман ҳаҷв аст
Зайниддини Восифӣ аз вазири Кӯчкунчихон Хоҷа Юсуфи Маломатӣ дар маҷлиси зиёфат ранҷида қасидае сурудааст, ки дар зоҳир мадҳ бошад ҳам, мазмунан ҳаҷви қабеҳ аст:
Ҳаст дар силсилаи Хоқонӣ
Мӯҳрдоре ки надорад сонӣ.
Мӯҳрдор (مهر داد)-ро бе ҳарфи сонӣ ҳ (ه) хонем, мурдор мемонад.
Чун каломаш бо зарофат омехт,
Аз даҳонаш гуҳари беҳад рехт.
Аз гуҳар (گوهر) ҳаддаш, ки р аст, равад, ... (گ) мемонад.
Бо мани дилшудаи зорӣ даҷам
Хуб шуд оқибат аз рӯи карам.
Хуб-и беоқибат ба рӯи карам, яъне к нишинад, ҳук
мешавад.
Фахри офоқ бурад, з-ӯ шуда фош
Мардумнию караму хусини маош.
Аз фахр ҳарфи ф равад, хар мемонад.
Аз сари лутф муини фуқарост,
Ки кушода руҳаш аз айни атост.
Сари лутф, яъне ҳарфи л-ро ба сари айн (ин) нихем, лаин мешавад.
САНЪАТ ВА ХУШОҲАНГӢ
Санъатҳои бадеӣ дар ашъори шоирони пешина мавқеи муҳиммеро ишғол карда, гоҳе шакли аҷоибе гирифтааст. Санъатҳои маънавию лафзӣ хусусан дар назди шоирони қасидасаро як навъ фазлу камол ба шумор мерафт ва аз ҷумла Салмони Соваҷӣ онро ривоҷу равнақ додааст. Вале бояд фаҳмид,
ки гоҳе санъатҳои бадеӣ, аз он ҷумла санъатҳои лафзӣ калимабозии хушку холи нест. Шеър, ғайр аз он ки аз рӯи вазн ба
ягон ҳавои мусиқӣ бояд рост ояд, дар нафси худ низ оҳанги
мусиқӣ бояд дошта бошад. Бояд калимаҳо, таркибҳо, ибораю
ҷумлаҳо чунон устухонбандӣ шуда бошанд, ки бо хонанда бо
латофати худ оҳанги мусиқӣ бахшад. Ҷо ба ҷо омадани калима ва таркибҳои ҳамҷинсу ҳамоҳанг бояд чунон бошад, ки
дар ҳангоми хондан гӯё худ аз худ навои мусиқӣ зоҳир гардад. Ба иборати дигар хонанда аз ягон санъати шеърӣ не,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё